Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи баҳси Ғарб ва Русия рӯи Гурҷистон


Президенти Русия Димтрий Медведев дар мулоқот бо коршиносони ғарбӣ гуфт, агар Гурҷистон дар садади узвияти НАТО ҳам мебуд, вай аз ҳамла ба он худдорӣ намекад.

Дабири кулли НАТО ва 26 сафир аз кишварҳои узв аввали ҳафтаи оянда ба Гурҷистон сафар мекунанд. Яап де Ҳуп Схеффер мегӯяд, сафари ӯ ба Гурҷистон дар ҳафтаи оянда як намоиши пуштибонӣ аз ин кишвар хоҳад буд, пас аз ҷанги моҳи гузаштаи он бо Русия.

Ин ҳам дар ҳоле ки як дипломати аршади Ғарб гуфтааст, музокирот бо Русия дар мавриди ҳузури нозирони иловагии байнулмилалӣ дар Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон шикаст хӯрд. Дар ин гуфтушунид, ки рӯзи ҷумъа дар ситоди САҲА дар Вена ҷараён дошт, Русия мавқеъи худро тағйир надод. Интизор меравад, нишасти дигари байнулмилалӣ, дар 15-уми октябр дар Женев низ натиҷае ба бор нахоҳад овард.

Вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров гуфтааст, Маскав розӣ нест, дар ин ҳамоиш масъалаи эътирофи истиқлолияти Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон аз тарафи Русия мавриди баҳс қарор бигирад.

Лавров афзуд, баракс бояд дар навбати аввал роҳҳои пешгирӣ аз эҳтимоли ҳамлаи такрории Гурҷистон ба ин ду минтақа ва шеваи халъи силоҳи Тифлис сухан равад.

Ҳамин гуна вақте ки Ғарб ва Русия дар гуфтугӯи ҳалли бӯҳрон қадаме ба ҳам наздиктар нашудаанд, президенти Русия Димтрий Медведев рӯзи ҷумъа дар мулоқот бо коршиносони сиёсии ғарбӣ гуфт, агар Гурҷистон дар садади узвияти НАТО ҳам мебуд, вай аз ҳамла ба он худдорӣ намекад. Вай Ғарбро танқид кард, ки намебоист пас аз ҳамлааш ба Схинволӣ аз Гурҷистон ҳимоят кунад.

Изҳороти Медведев чанд соат пас аз он садо дод, ки номзади ҷумҳурихоҳон ба мақоми ноиб-президент Соло Пейлин, дар сӯҳбат бо телевизиони ЭйБиСи хостори узвияти Гурҷистон ва Укроин дар НАТО шуд.

Хонуми Пейлин мегӯяд, Укроин ва Гурҷистон бояд узви НАТО шаванд, ҳарчанд Путин ақидаи дигар дорад. Пейлин меафзояд, агар кишваре узви НАТО бошад ва ҳадафи ҳамла қарор гирад, аъзои дигари паймон бояд ба кӯмаки он расанд.

Аммо президенти Русия Медведев мегӯяд, узвияти Гурҷистон дар НАТО метавонад, вазъи тамоми Қафқозро ноором кунад. Медведев системи амниятии ҷаҳони муосирро ношоям номид ва изофа кард, ки Русия дар ҷаҳон манофеъ ва вазифаҳои хешро дорад.

Вай ҳодисаҳои Гурҷистонро ба ҳамлаҳои террористии 11-уми сентябр дар Амрико ташбеҳ дод ва гуфт, онгуна ки ин ҳамлаҳо ҷаҳонро тағйир доданд, даргириҳои Гуҷистон низ кайҳост дар олам дигаргуниҳоеро халқ кардаанд ва ҷаҳон ба самти бисёрқутбӣ ҳаракат дорад.

XS
SM
MD
LG