Пайвандҳои дастрасӣ

Натоиҷи бозиҳои 1/8 ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2008


Бозиҳои аввали даври ҳаштякниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2008 баргузор шуданд.

«Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар майдони худ бар «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа бо ҳисоби бузурги 4:0 пирӯз шуд. «Энергетик»-и Душанбе дастаи мизбон – «Гвардия»-и Душанберо бо ҳисоби 1:0 мағлуб сохт. CSKA «Помир»-и Душанбе дар майдони худ бар «Равшан»-и Кӯлоб бо ҳисоби 2:0 ғалаба кард. Бозии «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо дастаи меҳмон – «Динамо»-и Душанбе бо ҳисоби 0:0 хотима ёфт.

Вале «Саройкамар»-и Панҷ аз ширкат дар Ҷоми Тоҷикистон даст кашид. Бинобар ин рақибаш – «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода ғолиб дониста, ба даври чаҳорякниҳоӣ роҳ ёфт.

Бозиҳои ҷавобии даври ҳаштякниҳоии Ҷоми футболи Тоҷикистон-2008 рӯзҳои 13-ум ва 15-уми сентябр баргузор хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG