Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон ва "ҷанги зидди террор"


Адмирали амрикоӣ Майкл Муллен ба порлумон гуфт, стротежии нави низомиеро ба роҳ хоҳанд андохт, ки ба нерӯҳои Амрико иҷоза медиҳад, барои маҳви тундравон фаротар аз хоки Афғонистон, яъне дар Покистон ҳам мубориза кунанд.

Майкл Муллен раҳбари ситоди муштараки нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида гуфт, бар асоси стротежӣ, тирамоҳи имсол як баталиёни нерӯҳои баҳрии Амрико ба Афғонистон фиристода мешавад ва соли оянда бо воҳиди дигари изофӣ тақвият меёбанд. Майкл Муллен ҳамчунин ба вакилони Иёлоти Муттаҳида гуфт, бо назардошти масоили ҳассоси сиёсӣ муҳим аст, то Амрико бо ҳукумати Покистон барои аз байн бурдани паноҳгоҳҳои ҷангҷӯён кор кунад.

Роберт Гейтс, вазири дифоъи Амрико, ки ҳамроҳ бо Майкл Муллен ба Маҷлиси намояндагон гузориш медод, гуфт, ҳукумати кишвараш раҳбарони нави Покистонро бо эҳтиёт ба мубориза алайҳи тундгароии исломӣ ҷалб мекунад.

Раисҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай аз ин стротежии нави низомии Амрико истиқбол кард ва гуфт, нерӯҳои Амрико бояд бо ҳамкории ҳама тарафҳо барои маҳви паноҳгоҳҳои Толибону ал-Қоида ба Покистон ворид шаванд.

Аммо раҳбарони артиши Покистон таъкид кардаанд, ки ба нерӯҳои хориҷӣ иҷоза нахоҳанд дод, то дар қаламрави кишварашон амалиёти низомӣ анҷом диҳанд. Генерал Ашфақ Парвиз Каёнӣ бо нашри изҳороте гуфт, ба нерӯҳои Иёлоти Муттаҳида иҷоза нахоҳад дод, то сарбозонашро ба минтақаҳои қабоилнишин фиристад ва гурӯҳи хурди нерӯҳои махсуси амрико ҳам. Каёнӣ гуфтааст, ки нерӯҳои эътилофӣ дар Афғонистон ҳақ надоранд, дар қаламрави Покистон амалиёт анҷом диҳанд. Ба гуфтаи генерали покистонӣ, ҳеҷ гуна санаде бо нерӯҳои эътилофӣ имзо нашудааст, ки иҷоза диҳад онҳо дар хоки Покистон фаъолият кунанд.

Вале як мақоми ҳукумати Амрико ба рӯзномаи Ню-Йорк Таймс гуфтааст, ки баъзе аз мақомоти расмии ҳукумати Покистон ризоият додаанд, то нерӯҳои махсуси Амрико барои маҳви ҷангҷӯёни бонуфуз ва паноҳҳгоҳҳои муҳими онҳо дар қаламрави Покистон амалиёт анҷом диҳанд. Рӯзномаи Ню-Йорк Таймс навиштааст, ки Ҷорҷ Буш моҳи июли гузашта ба таври маҳрамона ба нерӯҳои махсус иҷоза дод, бидуни ризоияти пешакии Покистон амалиёте дар хоки ин кишвар анҷом диҳанд.

Ба гуфтаи таҳлилгарон, дастури мазкур баёнгари нигарониҳо аз ҳузури амни ал-Қоида ва Толибон дар хоки Покистон аст ва ҳамчунин назари ҳукумати Амрико, ки Исломобод ирода ва қудтари маҳви тундравонро надорад. Дигар ин ки эътимод ба Хадамоти махсуси Покистон камтар шудааст, ки мегӯянд, хадамоти мазкур аз унсурҳои Толибон ҳимоят мекунад.

Аҳмад Рашид хабарнигори покистонӣ ва коршиноси умури мубориза бо тундгароӣ мегӯяд, зоҳиран пеш аз ҳамлаҳои мушакӣ ба баъзе аз манотиқи қабиланишини Покистон, Исломобод ва Вашингтон дар ин бора мувофиқа кардаанд.

Пас аз ҳафт соли ҳамлаҳои террористӣ ба Амрико, зоҳиран, тавваҷӯҳи Амрико барои маҳви ал-Қоида ба манотиқи марзии қабоилнишини Покистон мутамарказ мешавад. Аммо ба андешаи таҳлилгарони маҳаллӣ амалиётҳои низомӣ эҳтимолан ҳалли мушкилоти печидаи манотиқи марзии Покистон нахоҳанд шуд. Онҳо ба амалиётҳои аввалии нерӯҳои Амрико дар Ироқу Афғонистон ишора мекунанд, ки муваффақ буданд, вале баъди муддате ба ботлоқи набарди тулонӣ бо шӯришиён фурӯ рафтанд.

XS
SM
MD
LG