Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдиди ҳастаии Пхенян боқӣ мемонад


Озмоиш дар Ёнгбюн, 27 июни с. 2008
Озмоиш дар Ёнгбюн, 27 июни с. 2008

Ҳукумати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико созишномааш бо Кореяи Шимолиро инкор накардааст, вале эълом кардааст, ки...

... то замоне, ки Пхенян низоми назорати тахриби таъсисоти ҳастаиашро мувофиқи шартҳои тавофуқшуда ҷорӣ накунад, ИМА исми Кореяи Шимолиро аз феҳристи ҳомиёни терроризм хат намезанад.
Бо вуҷуди ин, Шин Маккормак, сухангӯи департаменти давлатии ИМА, дирӯз ба хабарнигорон гуфт, ки таҳдидҳои Кореяи Шимолӣ ҷиҳати бозсозии реактори Ёнгбюн амали хуб нест: “Дар асоси маълумоте, ки мо аз ҷои ҳодиса ба даст овардем, барои бозсозӣ ва насби дубораи ин таҷҳизот ба Ёнгбюн ҳукумати Кореяи Шимолӣ кӯшиш накардаааст. Ман бар инам, ки таҷҳизоти мазкурро аз макони нигаҳдории ҳозирааш мешавд ба ҷои дигар интиқол диҳанд”.

Ба қавли таҳлилгарон, манзури Маккормак ин аст, ки то дирӯз ягон гувоҳии собит вуҷуд надошт, ки Кореи Шимолӣ бар хилофи бандҳои қарордод ягон амалеро анҷом дода бошад.
Дар посух ба суъол, ки пас Пхенян бояд чи корҳоеро анҷом медод Маккормак изҳор намуд, ки шояд он таҷҳизотро бояд ба анбор бармегардонданд, аммо аз ҳама муҳиммаш ҳукумати ин кишвар бояд ҳамаи шартҳои созишномаро иҷро ва Ёнгбюро комилан тахриб мекард.

Мавзӯъи асосии суҳбати ахири К. Райс ва Вен Жибао, сарвазири Чин, барномаи ҳастаии Куриёи шимолӣ буд. 30 июни с. 2008
Баъди ин котиби давлатии Амрико хонум Кондолиза Райс низ, бидуни ҳеҷ як нишони нигаронӣ, гуфтааст, ки ИМА интизор дорад, ки Кореяи Шимолӣ бандҳои қарордодро иҷро хоҳад кард: “Ин раванд шебу фарозҳои худро дорад. Бубинед: чун ҳамаи равандҳои гуфтушунидҳои печида он шебу фароз дорад. Аммо мо бовар дорем, ки ҳаракатро ба самти пеш бояд идома дод”.
Алорағми ин намоиши адами нигаронӣ, Вошингтон имрӯз музокиракунандаи аршади худ дар умури ҳастаӣ Кристофер Ҳиллро ба Пекин барои вохурӣ бо ҳамтоаш аз Кореяи Ҷанубӣ фиристод. Интизор меравад, ки намояндагони Чин ва Жопун ба мулоқоти онҳо ҳамроҳ шаванд.
Сарфи назар аз изҳоротҳое мақомоти Амрико, амали Кореяи Шимолӣ нигаронкунанда аст, мегӯяд Ҷон Волфштаҳл, таҳлилгари аслиҳа аз маркази пажӯҳишҳои стротежӣ ва байнулмилалии Вошингтон, ки солҳои 90-уми асри гузашта дар Ёнгбюн ба ҳайси нозири ИМА ифои вазифа мекард.
Ба ақидаи ин коршинос, чунин ба назар мерасад, ки раванди гуфтушунидҳо ба ҳам задааст ва ин вазъ бояд Амрикоро нигарон кунад, зеро ин ягона роҳест барои халъи силоҳи ҳастаии Кореи Шимолӣ. Ҳамзамон ӯ низ мухолифи он аст, ки ҳар дафъа бо нороҳатии мақомоти куриёӣ Амрико низ ба ҳаяҷон ояд.

Бо вуҷуди ин Волфштаҳл изҳор намуд, ки Амрико ва дигар ҷонибҳои гуфтушунидҳои шашҷониба набояд ба Кореяи Шимолӣ зиёд фишор оранд чунки дар ин маврид имкон дорад, ки тамоми тавофуқҳои ҳосилшуда бекор карда шаванд ва Пхенян дубора ба барномаи ҳастаияш бармегардад, ҳарчанд инро ҳеч кас намехоҳад.
XS
SM
MD
LG