Пайвандҳои дастрасӣ

Шиддати тӯфони «Густав» коҳиш ёфт


Мавҷи аввали тӯфони заъифшудаи "Густав" дар осмони Ню-Орлеанс

Мавҷи аввали тӯфони заъифшудаи "Густав" дар осмони Ню-Орлеанс

Бо шунидани поин шудани шиддати тӯфони таҳдидкунандаи «Густав» мардуми Амрико нафаси бароҳат кашидаанд.

Ҳарчанд, ки тӯфон то ҳанӯз ба охир нарасидааст, вале бо наздикшавӣ ба соҳилҳои ИМА «Густав» ба маротиб
заъиф шуда, то ба тундбоди дараҷаи якум (аз панҷум!) поин рафт.
Дар айни замон Маркази миллии пажӯҳиши тӯфонҳои ИМА изҳор намудааст, ки «Густав» ҳамоно "таҳдиди фавқулода ҷиддӣ" боқӣ мемонад. Феълан суръати бод дар ҷанубу ғарби Ню-Орлеанз ба 110 километр дар як соат баробар аст. Дар арафаи вуруди тӯфон ба соҳилҳои ҷанубии Иёлоти муттаҳидаи Амрико тахминан ду миллион сокини шаҳри Ню-Орлеанз ва атрофи он ба ҷойҳои амн интиқол дода шуданд ва муассисаҳои истихроҷу коркарди нафт дар Халиҷи Мексико корашонро мутаваққиф намуданд.
Президенти ИМА Ҷорҷ Буш гуфт, ки дар муқоиса бо се соли пеш имсол фаъъолиятҳои ҳукумати марказӣ ва ҳукуматҳои маҳаллии аёлатҳо беҳтар ҳамоҳанг шудааст. Соли 2005-ум тӯфони «Катрина» ба манотиқи соҳилии ИМА хасороти зиёд расонда буд. Он замон ҳукумати Амрико бо аксуламали заъиф ба буҳрони табиъӣ танқид шуда буд.
Дирӯз дар маркази амалиёти фавқулодаи аёлати Тексас президенти ИМА Ҷорҷ Буш гуфт: "Ин кӯчбандии бузург аст. Барои шаҳрвандон бисёр душвор аст, ки бору кӯчи худро гирифта, аз хонаҳояшон берун раванд. Берун аз хона фардро номуайянӣ фаро мегирад. Ман мехоҳам ба он ҳамватаноне, ки ба ҳарфи мақомот гӯш дода, хонаҳояшонро тарк кардаанд, ибрози сипос намоям. Ҳамчунон ба сокинони Тексас ва аёлатҳои дигар, ки мардуми кӯчбастаро бо оғӯши боз истиқбол намудаанд, арзи сипос мекунам. Тексас аёлати саховатманд аст».
Ин ҳам дар ҳолест, ки президенти ИМА ба хотири назорати амалиёти мақомот дар замони тӯфон ширкаташ дар анҷумани ҳизби ҷумҳурихоҳро лағв намуд.
XS
SM
MD
LG