Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаварони Исфара боздошт нашудаанд


Исфара
Исфара

Ба таъйиди кормандони идораи умури дохилаи вилояти Суғд, ҳанӯз нафаре аз афроди ҳамлавар ба милисаҳои Исфара боздошт нашудааст.

Дар ҳоле, ки аз замони ҳамла ба ду милисаи Исфара чаҳор рӯз мегузарад, дар бораи шахсияти ҳамлаварони мусаллаҳ ҳанӯз изҳороти расмие пахш нашудааст.
Милисаҳои захмӣ Фирӯз Олимов ва Ҷамшед Аҳмадов мегӯянд, ки ҳамлаи мусаллаҳона алайҳи онҳо тарҳрезишуда набуд ва ногаҳонӣ сурат гирифт. Ба нақли ин милисаҳои захмишуда, вақте ки онҳо дар маркази ҷамоати Чоркӯҳ дар сари роҳ мехостанд шахсияти се тан афроди шубҳанокро муайян кунанд, яке аз онҳо аз кӯлабор силоҳи худкор берун оварда, милисаҳоро ҳадафи тир қарор дод.
Фирӯз Олимов, лейтенанти калони милиса, бар он аст, ки ҳамлаварони мусаллаҳ ба хотири гурез ва раҳоӣ онҳоро ҳадафи тир қарор доданд: «Ба гуфтаи худашон, ду нафар аз Исфара ва як нафар аз худи Чоркӯҳ будаанд».
Дар ҳоли ҳозир ҳар ду милисаи маҳрӯҳ дар бемористони шаҳри Исфара таҳти табобати пизишкон қарор доранд .
Додситонии Исфара дар ин робита аз рӯи бандҳои 32 ва 104-и Асноди ҷиноии Тоҷикистон (тайёр кардани ҷиноят ва суиқасд барои куштор) парванда боз карда, аз рӯи он тафтиши мутақаддамотӣ мебарад.
Ин ҳамлаи мусаллаҳона шоми 28-уми август дар деҳаи Чоркӯҳи Исфара, 130 километрии шарқи маркази вилоят, сурат гирифта буд.
XS
SM
MD
LG