Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҳи савм, моҳи файзу баракат, моҳи сулҳ


Аксари кишварҳои мусалмонии ҷаҳон, аз ҷумла, кишварҳои Осиёи Марказӣ, бо шумули Тоҷикистон ва бахши аъзами ҷаҳони араб, рӯзи душанбеи 1 сентябр вориди моҳи шарифи Рамазон шуданд. Аммо дар кишвари африқоии Нигерия ва дар чанд ҷазираи Индонезия аллакай рӯзи якшанбе ба гирифтани рӯза пардохтаанд. Ин дар ҳолест, ки Эрон рӯзи сешанбе вориди Рамазон хоҳад шуд. Шиъаҳои ироқӣ низ дар ин амр дунболи Эрон хоҳанд рафт, вале сунниҳои Ироқ рӯзи душанбе ба гирифтани рӯза оғоз кардаанд.

Моҳи савму салот

Рамазон моҳи нуҳуми тақвими қамарӣ буда, ба бовари мусалмонон, Қуръон маҳз дар ҳамин моҳи шариф ба паёмбари Ислом Муҳаммад алайҳисалом нозил шудааст.

Эшони Абдулбасир, имоми масҷиди Шоҳмансури Душанбе мегӯяд, савоби ҳар як амали накӯе, ки дар ин моҳи махфирати гуноҳҳо иҷро мешавад, аз ҷумла савоби рӯзаву ибодат ба карат бештар буда, савоби як амали нафл дар ин моҳ баробари як фарз ва савоби як амали фарз мусодифи 70 фарз баровард мешавад. Имоми масҷиди Шоҳмансур афзуд, рӯзаи моҳи Рамазон марбут ба танҳо ғизо нест, балки мусалмон дар ин моҳ бояд аз кулли аъмоли ношоиста парҳез кунад.

Моҳи файзу баракат

Моҳи шарифи Рамазон имсол дар ҳоле ворид мешавад, ки ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои мусалмонӣ шоҳиди авҷи навбанави афзоиши нархҳо, ба вижа маҳсулоти ғизоӣ шудаанд. Як зани сокини пойтахти Тоҷикистон мегӯяд, ки ӯ, аз як сӯ, умедвори файзу баракати ин моҳи шариф аст, вале аз сӯи дигар, вақте ба ин меандешад, ки шом дар хони ифтори аҳли хонаводааш чӣ хоҳад гузошт, ғамаш мегирад.

Моҳи сулҳу субот

Дар моҳи Рамазон ҳамин тавр одатан мизони хушунат дар манотиқи ҷангзада поин меравад. Рӯҳониён мегӯянд, Рамазон моҳи сулҳ аст ва дар ин моҳи саид садои тонку тӯп бояд ҳам фурӯ бинишинад.

Нирӯҳои низомии Покистон гуфтаанд, ҳамлаҳои ҳавоиву заминӣ алайҳи ҷангиёни тарафдори Толибонро дар минтақаи қабиланишини Боҷаур дар тамоми тӯли моҳи Рамазон мутаваққиф мекунанд.

Бино ба оморҳо, дар ҷараёни даргириҳои ахир дар ин минтақаи хушунатзадаи ҳаммарз бо Афғонистон беш аз 500 ҷангӣ кушта ва беш аз 300 000 нафар дар асари ин задухӯрдҳо бе хонаву дар шудаанд. Толибони Покистон низ бо ҳамроҳӣ ба ин ибтикори оташбаси давлат тааҳҳуд дода, ки дар давоми моҳи Рамазон даст ба ҳамалот нахоҳад зад. Толибон ҳамчун аломати ҳусни ният дар арафаи моҳи Рамазон ҳатто 6 сарбоз аз 30 сарбози ба дасти онҳо асируфтодаи артиши Покистонро раҳо кардаанд.

Нирӯҳои мусаллаҳи Филиппин гуфтаанд, амалиёти низомӣ алайҳи чирикиҳои марбут ба Ҷабҳаи озодии исломӣ, мавсум ба МОРО, аз ҷумла таъқиби ду фармондеҳи ин ҷабҳаро бо вуҷуди оғози моҳи Рамазон идома хоҳад дод. Вале ба гуфтаи мақомот, ин амалиёт акнун ба наҳваи хеле мӯҳтотона ва оромтар пиёда хоҳад шуд, то ба рӯзгори мусалмонони оддие, ки ба рӯзаи моҳи Рамазон пардохтаанд, ихлоле ворид нашавад.

Миср, ки аз соли гузашта, дар пайи таҳти назорати гурӯҳи ситезаҷӯи Ҳамос омадани борикаи Ғаза, марзҳояш бо ин сарзаминҳои фаластиниро баста буд, барои ду рӯзи пеш аз оғози Рамазон ин марзҳоро ба хотири савоб боз кард. Дар ин ду рӯз аз ин дари савоб, ба гуфтаи мақомоти Ғаза, тақрибан 2500 нафар аз якуним миллион сокини ин борика истифода бурдаанд.

Исроил марзҳои Ғазаро ҳамчунон баста нигоҳ медорад, вале дар моҳи Рамазон ба шумори бештари фаластиниҳо иҷоза додааст, ки дар масҷиди ал-Ақсои Байтулмуқаддас адои намоз кунанд. Ал-Ақсо севвумин макони бузурги муқаддас дар ҷаҳони Ислом маҳсуб мешавад, вале то ҳол фақат мардони фаластинии болиғ аз 50 ва занони фаластинии болиғ аз синни 45 ҳаққ доштанд, дар ин масҷид намоз гузоранд.

Дар моҳи Рамазон ҳаққи адои намози ҷумъа дар ал-Ақсо ба мардони фаластинии аз 45 то 50-сола ва хонадор низ дода мешавад. Фаластиниҳои ҷавонтар танҳо дар сурати дарёфти иҷозаи вижаи мақомоти низомии Исроил ҳаққи гузоридани намоз дар ин макони муқаддасро дарёфт хоҳанд кард.

Ва дар бархе кишварҳои мусалмонӣ, аз ҷумла дар зодгоҳи Ислом – Арабистони Саудӣ, дар тӯли моҳи шарифи Рамазон реҷаи кори хеле аз идороту муассисот хеле тағйир меёбад. Бисёри дафтарҳо соъоти қабули мизоҷонро дар давоми рӯз коҳиш дода, шом аз нав боз мешаванд.

XS
SM
MD
LG