Пайвандҳои дастрасӣ

Обама мегӯяд, ҳамин кофист! (Видео)


Барак Обама ҳангоми суханронӣ дар шаҳри Денвер, 28-уми август

Барак Обама ҳангоми суханронӣ дар шаҳри Денвер, 28-уми август

Дар анҷумани Ҳизби демократ Барак Обама унвони номзади расмии ин ҳизб дар интихоботи раёсатҷумҳурии ИМА-ро пазируфт.

Дар анҷумани Ҳизби демократ, ки дар яке аз варзишгоҳҳои Денвер баргузор шуд, ҳудудан 80 000 аъзо ва тарафдорони Барак Обама барои истиқбол аз номзади худ омада буданд. Обама ба онҳо хитобид: "Дар сурати интихоб шудани Ҷон Маккейн, ин маънои ба даври севуми раҳбарӣ роҳ ёфтани Ҷорҷ Бушро хоҳад дошт".

Сипас ӯ афзуд: «Имшаб ман ба мардуми Амрико, ба демократҳову ҷумҳурихоҳҳо ва бетарафҳо дар саросари ин сарзамин, мегӯям, ки бас аст! Ин лаҳза, ин интихобот он имкониятест, ки онро бояд истифода кунем ва дар қарни 21 ба ваъдаҳои худ дар баробари амрикоиҳо вафо кунем. Чунки ҳафтаи дигар дар Миннесота, ҳамон як ҳизбе, ки ба шумо ду дафъа Ҷорҷ Бушу Дик Чейниро додааст, аз шумо дархости додани навбати севумро хоҳад кард. Ва мо инҷо ба он хотир қарор дорем, ки аз муҳаббати зиёд ба ин ватан наметавонем чаҳор соли дигарро аз даст бидиҳем ва ин айнан мисли 8 соли гузашта паси сар шавад. Рӯзи 4-уми ноябр мо бояд по шавем ва бигӯем: "Ҳашт сол кофист!"».
Дар тамоми муддати муборизаҳои интихоботиаш ин нахустин мавриде барои Обама буд, ки худро дар баробари шумори бештар мардум аз наздик ошно кунад.

Ин навбат, ба қавли нозирон, вай аз шеваи аллакай шиносу каме забонзадшудаи суханрониаш даст кашида, бештар талош кард мушаххастар сӯҳбат кунад. Бо ишора ба мушкилоти имрӯзаи амрикоиҳои одӣ, вай дар бораи бо боло будани мизони бекорӣ, болоравии қимати энержӣ ва баҳои ғизо, ҳамчунин бӯҳрони манзил суҳбат кард: "Мо як кишвари беҳтар аз ин ҳашт соли гузашта ҳастем".
Тӯли суханронии Обама 42 дақиқа буд. Вай ваъда дод, ки барои 95 % хонаводаҳои коргар мизони андозу молиётро коҳиш медиҳад, сарбозонро аз Ироқ бармегардонад ва дар давоми 10 соли оянда вобастагии кишварро аз нафти хориҷӣ хотима хоҳад дод. Бар ивази ин, гуфт вай, барои истифодаи густардаи захираҳои иловагии энержӣ, назири боду офтоб вай ихтисоси 150 миллиард долларро давоми 10 соли оянда дар назар гирифтааст.
Обама ҳамчунин гуфт: "Бо тамоми масъулият ҷанги Ироқ ва муборизаи зидди «Ал-Қоида» ва Толибонро дар Афғонистон хотима медиҳам. Ман артишро барои омода шудан ба низоъҳои нав навсозӣ хоҳам кард. Аммо ман инчунин дипломатияи дурушт ва мустақилро ҳам бознигарӣ хоҳам кард, то Эронро аз дастёбӣ ба аслиҳаи ҳастаӣ ва Русияро аз таҷовуз боздорад".
Дар суханронии худ Обама инчунин аз стратегияву изҳороти рақибаш Маккейн, ки гуфтааст дар аҳди Буш иқтисоди Амрико пешрафт кардааст, интиқод кард.
Маросими мазкур тасодуфан бо 45-умин солгарди суханронии таърихии Мартин Лютер Кинг дар Вашингтон мувофиқ омад, ки бо исми "Ман орзуе дорам" маъруф аст. Кинг, як рӯҳонии сиёҳпӯст ва фаъъоли маъруфи ҳуқуқи башар буд ва барои хатми нажодпарастӣ дар ҷомиъаи Амрико нақшии фаъъол бозидааст. Ва ҳоло талошҳои муқоиса кардани ин ду нафар зиёд ба гӯш мерасад, вале Обама ин навбат танҳо як бор аз Кинг ёдовар шуд ва дар ҳамоҳангӣ бо даъватҳои ӯ, ки гуфта буд "Мо танҳо ҳаракат карда наметавонем. Мо бояд тааҳҳуд кунем, ки ҳамеша ба пеш ҳаракат хоҳем кард. Роҳи бозгашт надорем", Обама дар Денвер гуфт: "Амрико, мо роҳи бозгашт надорем".


Барак Обама 47 сол дорад, ӯ соҳиби оила ва ду фарзанд аст. Ҳамсари ӯ Мишел, ки ихтисосаш ҳуқуқшинос аст, дар рӯзи аввали анҷумани ҳизби демократ суханронӣ ва талош кард, симои шавҳарашро ба унвони як раҳбари тавонои миллат муаррифӣ кунад.
Дар анҷумани демократҳо, ки аксар таҳлилгарон онро чун як пешравии муваффақиятомез барои номзадии вай арзёбӣ карданд, Ҳилларӣ Клинтон, рақиби пешини вай дар ҳизби демократ ва довталаби курсии раёсатҷумҳурӣ, бо таъкиди бештар аз номзадии Обама тарафдорӣ кард.
Дар пайи нокомии Клинтон барои бурдани унвони номзадии ҳизб дар интихобот, ҳанӯз ҳудудан 30 дар сади аъзои ҳизби демократ, тибқи пурсишҳои афкори умум, омода набуданд, ки раъйи худро ба Обама бидиҳанд. Дарлаҳзаҳои охирини анҷуман дар сангари Клинтон нафарони зиёдро бо чун навиштаҷоте дидан мумкин буд: "Ман вакили Ҳилларӣ барои Обама ҳастам".
XS
SM
MD
LG