Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавқеъи СҲШ дар қиболи қазияи Гурҷистон


Кишварҳои узви СҲШ аз нақши фаъоли Русия дар ҳалли низоъи Қафқоз пуштибонӣ карданд.

Дар эъломияи муштараки онҳо таҳти унвони Эъломияи Душанбе омадааст, ташаннуҷи авзоъ дар атрофи қазияи Осетияи Ҷанубӣ нигаронии шадиди Созмони ҳамкориҳои Шонгҳойро ба бор овардааст, вале созмон хостори ҳалли мусолиматомези масоил тариқи музокирот аст.

Кишварҳои узви СҲШ бо истиқбол аз 6 меъёри ҳалли низоъи Осетияи Ҷанубӣ, ки 12 августи соли равон дар Маскав қабул шуда буд, изҳор доштанд, ки нақши фаъоли Русия дар мусоидат ба сулҳу ҳамкорӣ дар ин минтақаро пуштибонӣ мекунанд.

Эъломияи Чин ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар ҳоле садо медиҳад, ки Русия – узви дигари ин созмон дар роҳандозии амалиёти низомӣ алайҳи Гурҷистон ва эътирофи истиқлолияти минтақаҳои ҷудоихоҳи он – Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон мавриди интиқоди кишварҳои Ғарб қарор гирифтааст.

Дар ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ҳеҷ яке мавқеи кишварашро дар мавриди истиқлолияти Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистон изҳор надошт, аммо Дмитрий Медведев, раисҷумҳури Русия мавқеъи ягонаи аъзои созмонро аз пуштибонии кишвараш як ҳушдори чиддӣ ба Ғарб арзёбӣ кард. Оқои Медведев гуфт, кӯшишҳои таъмини манофеъ тариқи зӯр аз сӯйи бархе кишварҳо идома дорад ва намунаи ин омоли ҷинояткорона ва бемасъулиятона таҷовузи Гурҷистон алайҳи Осетияи Ҷанубӣ буд. Оқои Медведев як рӯз қабл дар Душанбе ҳангоми мулоқот бо Ҳу Ҷинтао, раҳбари Чин аз бӯҳрони Қафқоз сӯҳбат карда буд. Раҳбари Чин бо изҳори нигаронӣ аз низои Қафқоз гуфт, дар ин маврид иттилоъи кофӣ дорад.

Кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой – Русия, Чин, Қазоқистон, Ӯзбакистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон тайи эъломияи муштарак овардаанд, ки муноқишаҳои маҳаллӣ бояд тариқи риояи бечунучарои Оинномаи СММ ҳал шаванд.

Дмитрий Медведев, раисҷумҳури Русия дар мавриди нақши Созмони ҳамориҳои Шонгҳой сухан ронда, гуфт, ин созмон ҳеҷ гоҳ хешро дар муқобили НАТО дидан намехоҳад, зеро НАТО блоки низомист ва вазифаи Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой таъмини амният аст. Вай афзуд, Созмон метавонад на фақат тавсия, балки қарор ҳам қабул кунад. Ин суханон дар ҳоле садо медиҳад, ки Русия ба НАТО – Паймони Атлантикаи Шимолӣ гуфтааст, ки ҳамкориҳояш чун пештара нахоҳад буд.

Нурсултон Назарбоев, раисҷумҳури Қазоқистон гуфт, ҷаҳон ҳоло шоҳид аст, ки механизми амнияти ҷаҳонӣ чӣ тавр кор мекунад. Вай бо таассуф гуфт, дар ҷаҳон кӯшишҳои ба ҳам муқобил гузоштани кишвару халқҳои гуногун ба воқеият табдил меёбанд, ки ба пеш омадани авзоъи бӯҳронӣ меоранд. Вай афзуд, минтақаи Осиёи Марказӣ имрӯз наметавонад аз он изҳори ташвиш накунад, ки дар минтақа ба амният ва рушди устувор таҳдидҳо пайдо шудаанд, қабл аз ҳама терроризм.

Ислом Каримов, раисҷумҳури Ӯзбакистон эътидоли вазъ дар Афғонистонро масъалаи ҷиддӣ дар минтақа арзёбӣ кард. Вай гуфт, Русия, ИМА, НАТО ва кишварҳои ҳамсояи Афғонистон бояд дар истиқрори сулҳ ва мубориза алайҳи маводи мухаддир дар ин кишвар нақши калидӣ бозанд.

Маҳмуди Аҳмадинажод, раисҷумҳури Эрон бо интиқод аз фаъолиятҳои нерӯҳои байнулмилал дар Афғонистон гуфт, ҳузури онҳо вазъиро дар ин кишвар беҳбуд набахшидааст.

Қурмонбек Боқиев, раисҷумҳури Қирғизистон бар зарурати тавсиаи ҳамкориҳои СҲШ бо ниҳодҳои аврупоӣ, бахусус Иттиҳоди Аврупо ва САҲА ишора карда гуфт, афзоиши таваҷҷӯҳи онҳо ба Осиёи Марказӣ ба боло рафтани эътибори созмон дар миқёси байнулмилал низ мусоидат хоҳад афзуд.

Ҷаласаи 8 – уми сарони кишварҳои узви СҲШ, ки таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон гузашт, бо имзои Эъломияи Душанбе ба анҷом расид.

Дар ин ҳамоиш ба ҷуз кишварҳои узв, ҳайъатҳои кишварҳои нозир – Эрон, Покистон, Муғулистон, Ҳиндустон ва низ Афғонистон, минҳайси меҳмони ҳамоиш ширкат доштанд. Ҷаласаи навбатӣ соли оянда дар шаҳри Екатеринбурги Русия баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG