Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интизориҳо аз ҳамоиши Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой


Ҳамоиши сарони кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой дар Душанбе бо имзои чанд санад, дар мавриди мубориза бо терроризм, қочоқи маводи мухаддир ва ҳамко0ӣ миёни Бонки авруосиёии рушд бо бонкҳои кишварҳои узв ба поён расид.

Дар ҳоле, ки ба ҷузъ, Чину Русия кишварҳои дигари узв ва нозир бештар ба таҳкими ҳамкориҳои иқтисодӣ алоқаманд буданд, барои мисол, Нурсултон Назарбоев - раисҷумҳури Қазоқистон ҳамкориҳои иқтисодӣ дар чорчӯби ин созмонро нокофӣ хонд. Оқои Назарбоев ташкили як системи энержӣ, эҳдоси роҳҳои оҳан ва ҷоддаҳоеро, ки тавонад ин кишварҳоро ба ҳам пайваст кунад, дар пешрафти иқтисоди кишварҳои узв муҳим хонд.

Муҳтавои суханони раисҷумҳурони Тоҷикистон ва Қирғизистон низ ҳамин буд. Вале руасои ҷумҳури Русия, Чин ва Узбакистон бештар ба масоили амният дар минтақа, мубориза алайҳи терроризм ва ҷудоиталабӣ таъкид карданд.

Ислом Каримов, раисҷумҳури Узбакистон бо он ки ҳамкориҳои иқтисодӣ дар минтақаро ноком тавзеҳ дод, бо дар назар гирифтани вазъи феълӣ дар Афғонистон, фаъолияти нирӯҳои НАТО ва Эътилофи зиддитеррористӣ дар Афғонистонро кори беҳуда хонд ва пешниҳод кард, ки сиёсат дар қиболи Афғонистон тағйир кунад.

Дмитрий Медведев, раисҷумҳури Русия танҳо ба масоили амниятӣ таъкид карда, аз иқдоми Гурҷистон алайҳи Осетиёи Ҷанубӣ ва Абхазистон интиқод кард.

Аз Парвиз Мулоҷонов - коршиноси минтақа пурсидам, ки оё ин ҳамоиш дар Душанбе дар ҳалли масоили матруҳа бо дар назар гирифтани манофеъи кишварҳои узв муваффақ буд ё хайр? Оқои Муллоҷонов дар посух гуфт:

«Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой ду ҳадаф дорад: амниятӣ ва иқтисодӣ. Ба далели манофеъи кишварҳои узв, ки бархе аз онҳо ба ҳамкории иқтисодӣ бештар алоқаманданд ва боқӣ ба амниятӣ .Ба назари ман, СҲШ то ба ҳол ба ҳар ду ҳадаф нарасидааст».

Парвиз Мулоҷонов дар посух ба ин суоли ман, ки ин ҳамоиш ва дар маҷмӯъ узвият дар ин созмон ба Тоҷикистон чӣ додааст, гуфт: «СҲШ ба Тоҷикистон то ба ҳол дар пешрафти иқтисод чизе надодааст. Ҳар кишвари сармоягузоре, ки мехоҳад дар барномаҳои Тоҷикистон сармоягузорӣ кунад, ба мухолифати Русия рӯбарӯ мешавад. Русия мехоҳад ин барномаҳоро худаш ба нафъи худ иҷро кунад».

Ин дар ҳолест, ки раисҷуҳури Тоҷикистон натоиҷи ин ҳамоишро муваффақ хонд. Бо вуҷуди он, ки қарор буд, дар ҳошияи ин ҳамоиш бо Чин се қарордод дар бораи эҳдоси се ниругоҳ дар Тоҷикистонро имзо кунанд, вале Тоҷикистону Чин танҳо дар бораи тарҳи эҳдоси ниругоҳи Нуробод-2 ба тавофуқ расиданд. Бархе аз коршиносон, аз ҷумла Парвиз Муллоҷонов, дар адами имзои ин қарордодҳо ба мухолифати Русия ишора мекунад.

XS
SM
MD
LG