Пайвандҳои дастрасӣ

Клинтон дар ҳамоиши демократҳои Амрико бо тамоми самимият аз шахсе пуштибонӣ кард, ки садди роҳи ӯ дар номзадӣ ба мақоми президентӣ гардида буд.

Хонуми Клинтон ба тарафдоронаш гуфт, пуштибонии онҳо беасар набудааст. Ҳодисаи дигари анҷумани Ҳизби демократи Амрико ин буд, ки барои нахустин бор, гурӯҳи нави сиёсии мусулмонони Иёлоти муттаҳида рӯйи саҳна омад.

Хонуми Ҳилларӣ дар маҳфили чароғону тақрибан идонаи рақиби пешинаш дили худро пок ва дили ҳазорон нафар аз тарафдоронашро сабук кард. Вай гуфт, бо тамоми вуҷуд аз Барак Обама ҳимоят мекунад ва орзу дорад, ки ӯ пирӯз гардад.

Шояд на ҳамаи тарафдорони Обама ба ӯ бовар карданд, махсусан пас аз садҳо сухани оташину нешдор, ки дар қариб ду соли мубориза фазои байни ду рақибро заҳролуд карда буданд, акнун бо забони дигар ҳарф задан на барои ҳамаи гӯшҳо форам аст.

Тарафдорони сарсахти худи Ҳилларӣ низ аламдор буданд, ва доду фиғоне, ки бо пайдо шудани хонум дар саҳна ба ҳаво печид, сӯзу сӯги нокомӣ низ дошт. Аммо Ҳилларӣ аз нахустин ҷумла номи рақиби собиқашро ба забон овард:

"Ман имшаб ин ҷо омадам ҳамчун як модари сарбаланд, як демкорати сарбаланд, сенатори сарбаланди Ню Йорк, амрикоии сарбаланд ва як тарафдори сарбаланди Барак Обама!"

Боз ҳам баландтар садо додани доду фиғони ҳозирон аломати оҳи сабук кашидани тарафдорони сарсахти хонуми Клинтон шумурда шуд. Дар муборизаҳои шадиди байни ӯ ва Обама, Ҳилларӣ онгуна намудор мешуд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ аз роҳаш нахоҳад гашт.

Вай ва тарафдоронаш ба ҳазор шакл аз Обама интиқод мекарданд. Биноан нутқи Клинтон дар анҷумани Ҳизби демократ ба гуфтаи коршиносон, триумф ё пирӯзии сегонае буд ҳам бар гузашта ва ҳам бар нафси худ, пирӯзие ҳам шахсӣ ва ҳам сиёсӣ ба хотири ваҳдат дар сафҳои Ҳизби демократи Амрико.

Вай инчунин аз масъалҳое ёд кард, ки барои тамоми мардуми Амрико муҳиманд, ба монанди тарбияи атфол, беҳдошт, хариди манзил ва ғайра. Аз он корҳое намуна овард, ки вай ва тарафдоронаш барои мардум кардаанд ва гуфт, агар Маккейн президенти Амрико шавад, ҳамаи ин дастовардҳо барбод хоҳад рафт.

Ба номзади Ҳизби ҷумҳурихоҳ, Ҷон Маккейн, дар ин ҳамоиш гурӯҳи нави сиёсии мусулмонон низ садои "на"-ро мезананд. Амалан, ин нахустин бор аст, ки як чунин ниҳоди сиёсии мусулмонони Иёлоти Муттаҳида расман дар анҷумани Ҳизби демократи Амрико ширкат меварзад.

Иноят Лолонӣ, раиси Созмони Демократҳои Мусулмони Амрико, мегӯяд, имсол аз 4 400 вакили анҷуман 55 нафарашон мусулмонанд ва ин нишонаи бедор шудани мусулмонон дар Амрикост. Рӯйдодҳои 11-уми сентябри соли 2001 ва ҳодисаҳои имрӯзаи ҷаҳон сабаби чунин таҳаввул шудаанд.

Аъзои созмони нав мегӯянд, мехоҳанд шаҳрванди воқеъӣ ва содиқи кишвари худ бошанд ва меафзоянд, аввалин мусулмон дар соли 1492 ҳамроҳи Христофор Коламб пой ба хоки Амрико гузоштааст.

Исботи ин нукта душвортар аст, аммо имрӯз дар Иёлоти Муттаҳида 8 миллион мусулмон ба сар мебаранд, ки шасту ду дарсади онҳо таҳсилкардаи донишгоҳҳоянд, дар ҳоле ки нишондиҳандаи умумимиллии чунин таҳсилкардагон дар мамлакат ҳамагӣ 43 дарсад аст.

Дар интихоботи моҳи ноябр 15 мусулмон номзад шудаанд ва то ҳол ду нафар ба Конгресси Иёлоти Муттаҳида роҳ ёфтаанд.

XS
SM
MD
LG