Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти раҳбарони Тоҷикистон ва Чин ибтидо дар шакли як ба як ва баъд бо ширкати ҳайъатҳои давлатӣ сурат гирифт.

Маросими имзогузорӣ ба аснод аз Эъломияи муштараки Тоҷикистон бо Чин оид ба густариши минбаъдаи муносибатҳои ҳусни ҳамҷаворӣ, дӯстӣ ва ҳамкорӣ тавассути руасои ду кишвар оғоз ёфт. Сипас, «Барномаи ҳамкориҳои миёни Тоҷикистон ва Чин дар солҳои 2008 то 2013» аз сӯи вазирони корҳои хориҷии ду кишвар ба имзо расид ва ҳамин тавр, бақия аснод ва қарордодҳои ҳамкорӣ дар заминаи равобити иқтисодӣ, тиҷорат, молиёт, ҳамлу нақл, равобити бонкӣ ва фарҳангӣ аз сӯи масъулони соҳаҳо аз ҳар ду ҷониб имзо шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон сафари давлатии раисҷумҳури мардумии Чин ба Тоҷикистон ва натоиҷи онро барои таҳким ва тақвияти ҳамкориҳои ин ду кишвар боаҳамият ва муфид арзёбӣ кард.

Дар навбати худ Ҳу Ҷинтао, раисҷумҳури мардумии Чин зикр кард, ки дар мулоқоти ӯ бо президенти Тоҷикистон дар баробари баррасии масоили ҳамкориҳои дуҷониба, ҳамчунин масоили минтақаӣ ва байнулмилалӣ низ матраҳ шудааст. Оқои Ҷинтао нақши созмони Шонгҳойро дар пешрафти иқтисод ва таҳкими амнияти минтақа муҳим арзёбӣ кард. Вай таъкид кард, ки саммити сарони давлатҳои узви ин созмон дар Душанбе дар амри тақвияти фаъолияти он мусоидат хоҳад кард.

Аммо интизороте, ки мақомоти Тоҷикистон, бахусус масъулони арсаи энержии кишвар аз ин сафар доштанд, бароварда нашудааст. Аз ҷумла, интизор мерафт, ки зимни ин сафар созишномаҳо дар бораи маблағгузориии лоиҳаҳои сохтмони нерӯгоҳи "Сангвор", "Нуробод-2" ва Ёвон дар рӯдхонаҳои Хингобу Вахшу Зарафшон бо ҳазинаи наздик ба якуниммилиард доллар ба имзо бирасад. Вале дар 13 санади ҳамкорӣ, ки дар ин сафар ба имзо расид, ин мавзӯъ матраҳ нашудааст ва масъулони ин соҳа аз ҷумла Шарифхон Самиев - раиси ширкати «Барқи тоҷик» ҳам нахост дар ин бора сӯҳбат кунад.


Вале Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар ҳузури хабарнигорон ба ин мавзӯъ ишора карда гуфт, ки масъалаи иштироки Чин дар иҷрои ин барномаҳо дар дасти баррасии мутахассисони ду кишвар қарор дорад.

Аммо тибқи иттиллои манобеъи наздик ба мақомоти Тоҷикистон, ин ду кишвар тасмим гирифтаанд, ки сармоягузории лоиҳаҳои энержӣ миёни ширкатҳои энержӣ бояд мустақим сурат бигирад. Ва иллати ба таъвиқ андохтани имзои аснод дар ин замина ҳамин аст.

XS
SM
MD
LG