Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии матбуъоти имрӯзи Ғарб


Мавзӯи буҳрони Қафқоз ва пайомади ин буҳрон ба ҷомиъаи ҷаҳонӣ ва ихтилофи абарқудратҳо дар ин замина боз ҳам ба сархатти нашрияҳои ғарбӣ табдил мешавад.

Дар шумораи имрӯзаи худ ин нашрияҳо паҳлуҳои мухалифи ин буҳронро ба баррасӣ гирифтаанд.
Рӯзномаи амрикоии «Крисчиан сайнс монитор» навиштаст, Русия дубора баргашт, Чин пайдо шуд ва ғайримунтазира эҳсос гашт, ки ИМА ягона абарқудрати ҷаҳонӣ нест. Нашрия суъол гузоштааст, ки минбаъд ин се абарқудрат бо ҳам чи гуна зиндагӣ хоҳанд кард ва ин ба башарият чи пайомаде хоҳад дошт. Ва худи рӯзнома дар посух навиштааст, ки тӯли чанд соли ахир тағйирот дар сиёсати ҷаҳонӣ ба назар мерасид ва пас аз 8-уми августи соли ҷорӣ ин тағйирот ба таври қобили мулоҳиза эҳсосшаванда гашт, ҳарчанд боз ҳам замоне расидааст, ки Русия Чин ва ИМА муваззафанд дар ҳамкорӣ бо ҳам бошанд.
«Ҳанделсблатт», нашрияи иқтисодии Олмон, менависад, Русия мехоҳад Гурҷистонро қисмат кунад, зеро ба ин кишвар нақша кашидааст, ки истиқлоли Осетияи Ҷанубӣ ва Абхозистонро эътироф карда ва ин ду ҷумҳурии ҷудоихоҳи Гурҷистонро аз ҳайъати Гурҷистон берун кашад. Рӯзнома афзудааст, Иттиҳодияи Аврупо аз ин қисматкунии Гурҷистон дар ташвиш аст ва ба ин назаранд, ки баръакс истиқлоли Осетяи Ҷанубӣ ва Абхозистон аз Гурҷистон буҳрон дар ин минтақа ва ҳамчунин ихтилоф миёни ҷомиъаи ҷаҳониро амиқтар месозад.
Рӯзнома «Таймс»-и чопи Ландан навиштааст, консерте, ки Валерий Гергиев, дар Схинвалии вайронгашта баргузор намуд, зери интиқоди шадид қарор гирифтааст. Ба иддаъои рӯзнома, Гергиев, мусиқиро ба дастгоҳи сиёсати хориҷии Русия табдил кард, ва ба хотири сиёсати тасарруфкунии ин кишвар розӣ шуд, ки аз ин дастгоҳ кор бигирад. Бо ин ҳама, рӯзнома дар тардид аст, ки «оё мешавад Георгиевро ба хотири ин амалаш сарзаниш кард?»
Аммо нашрияи «Тайм»-и ИМА суъол гузоштааст, ки Исроил аз ҷанг дар Гурҷистон чиро аз даст дод? Ба бовари рӯзнома, пас аз онки мақомоти Русия эълон доштанд, ки Исроил артиши Гурҷистонро бо силоҳу лавозимот таъмин мекунад, мақомоти Исроил дастур додааст, ки оҷилан ширкатҳои кишвараш интиқоли лавозимот ва мутахассисони низомӣ ба Гурҷистонро қатъ кунад. Рӯзнома меафзояд, ҳадаф аз ин иқдоми Исроил ҷилавгирӣ аз хашми Русия аст, ки метавонад дар сурати ғайр силоҳу лавозимоти ҷангии бартарро ба Эрон фурӯшад. Аммо, ба эътирофи ин рӯзнома, чунин иқдомоти Исроил ғайримумкин аст, ки дар муносибати Русия ба Эрон таъсире гузошта тавонад.
Ва «Файненшл таймс» бо манзури буҳрони Қафқоз навиштаст, ки дар Гурҷистон рақобати куҳнаи Маскав ва Ғарб ҷиҳати дарёфти нуфузи бештар дар аврупои шарқӣ ва Осиёи марказӣ дубора авҷ гирифт. Дар зимн мушаххас гардид, афзудааст нашрия, ки Русия онгуна пурқувват набудааст, ки тасаввур мешуд. Ин рӯзнома мутмаъин аст, ки силоҳҳои ҳастаии Русия аз соли 1992 нав нашудааст ва дар ин бобат он аз NАТО хеле ақиб мондааст. Аммо, менависад нашрия, ягона дастгоҳи ба андоза пурқуввати фишороварии Русия ин захоири табиъии он аст, ки 50 дарсади гози истифодашавандаи Ғарбро содир мекунад ва, дар сурати аз ин дастгоҳ кор гирифтани Русия, Ғарб метавонад ба осонӣ аз ин содироти Русия рӯ гардонад ва манобеъи нави гози табиъӣ дар дигар кишварҳоро пайдо кунад.
XS
SM
MD
LG