Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти матбуотӣ ба ифтихори Юсуф Абдусаломов


Имрӯз, 22 август, дар сафорати Тоҷикистон дар Пекин ба ифтихори пирӯзии паҳлавон Юсуф Абдусаломов, ки дар сабқати гуштии озод дар вазни то 84 кило барандаи медали нуқраи Бозиҳои 29-уми тобистонаи олимпӣ гардид, нишасти матбуотӣ баргузор шуд.

Сафири Тоҷикистон дар Чин Рашид Олимов ба мизбонон барои пазироии самимона ва дар сатҳи баланд ташкил намудани Бозиҳои олимпӣ сипос гуфт. Вай гуфт, дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон маҳз дар шаҳри Пекин барои аввалин бор пас аз касби истиқлол соҳиби ду медали олимпӣ, яке нуқра ва дигар биринҷӣ гардид.

Дар нишасти матбуотӣ инчунин раиси Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон Баҳрулло Раҷабалиев, муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон Алимаҳмад Мирзоев, ва барандаи медали нуқраи Олимпиадаи Пекин Юсуф Абдусаломов ба суолҳои хабарнигорон посух доданд.

Юсуф Абдусаломов аз ҷумла гуфт, бисёр орзу мекард, ки қаҳрамони Бозиҳои олимпӣ гардад, вале дар даври ниҳоӣ аз паҳлавони гурҷӣ мағлуб шуд. Ба гуфтаи ӯ, Ревазӣ Миндорашвилӣ, қаҳрамони ҷаҳон дар соли 2005, инчнуин, барандаи медалҳои нуқраву биринҷии сабқати ҷаҳонӣ мебошад. Юсуф Абдусаломов гуфт, барои дуввумин бор аст, ки бо ин паҳлавони гурҷӣ рақобат кард. Дар аввалин қувваозмоӣ миёни ҳардуяшон Юсуф дар соли 2002, дар як сабқати байнулмилалӣ барои дарёфти Ҷоми Алӣ Алиев дар шаҳри Махачқалъаи Доғистон бар Миндорашвилӣ дастболо шуда буд.

Ва дар сабқати ниҳоии Бозиҳои олимпии Пекин пас аз се пирузӣ бар гуштигирони Автралия, Укроин ва Туркия бовар дошт, ки рақибашро ба осонӣ мағлуб мекунад. Ӯ дар бахши аввал бо натиҷаи 3-2 ғалаба кард, вале дар ду қисми дигар ташаббусро комилан паҳлавони гурҷӣ ба даст овард ва ба варзишгари Тоҷикистон имкон надод, ки ягон имтиёз ба даст орад. Ҳамин гуна, паҳлавони 32-солаи гурҷӣ аз рӯи холҳо бо ҳисоби 9-3 ва аз рӯи натоиҷи се қисми рақобат бо натиҷаи 2-1 ғолиб омад ва барои аввалин бор қаҳрамони олимпӣ гардид.

Медали нуқраи олимпӣ барои паҳлавони Тоҷикистон низ аввалин аст. Юсуф Абдусаломов, ки зодаи шаҳри Махачқалъаи Доғистон мебошад, шаш сол инҷониб шарафи Тоҷикистонро дар мусобиқоти олимпиву ҷаҳонӣ ва қитъавӣ ҳимоя мекунад.

Бояд тазаккур дод, Тоҷикистон пас аз 16 сол барои аввалин бор бо касби ду медал: як нуқра ва як биринҷӣ байни 84 кишвари то имрӯз соҳиби медалҳои олимпӣ гардида, дар ҷойи 59-ум қарор дорад.

Варзишгарони чаҳор кишвари дигар: Алҷазоир, Колумбия, Қирғизистон ва Сербия низ 1 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст овардаанд.

Дар ҳисоби умумидастаӣ тими мизбон – Чин бо касби 85 медал, 46 тилло дар ҷойи аввал аст. ИМА дуввум ва Бритониё саввуманд. Русия ҳамагӣ 55 медал, аз ҷумла 16 тилло дорад ва дар ҷойи чаҳорум аст.

Байни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қазоқистон (мавқеъи умумидастаӣ 31-ум) бо 10 медал, 1 тилло, 4 нуқра ва 5 биринҷӣ аввал аст. Узбакистон 6 медал: 1 тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ гирифтааст. (Мавқеъи умумидастаӣ - 36-ум). Аз миёни кишварҳои собиқ Шӯравӣ танҳо Туркманистон то ҳоло медал ба даст наовардааст.

Панҷ олимпичии Тоҷикистон: камонвар Албина Камолиддинова, шиноварон Алишер Чингизов ва Катерина Измайлова, паҳлавон Неъматулло Асронқулов ва вазнабардор Низом Сангов ба Душанбе баргаштанд. Даҳ нафари дигар дар маросими пӯшидашавии Бозиҳои олимпӣ, ки рӯзи якшанбеи 24-уми август дар варзишгоҳи миллии «Лонаи парранда»-и шаҳри Пекин доир мегардад, ширкат хоҳанд кард.

Дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон рӯзи 26-уми август ба Ватан бармегардад.

XS
SM
MD
LG