Пайвандҳои дастрасӣ

Ёрии навбатии Амрико ба Тоҷикистон


Амрико барои тақвияти амният ва волоияти қонун дар Тоҷикистон ба ин ҷумҳурӣ беш аз 13 миллион ёрӣ додааст.

Трейсӣ Энн Ҷейкобсон, сафири ИМА дар Тоҷикистон ва Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон имрӯз, 22 август, дар Душанбе мувофиқатномаеро дар ин замина имзо карданд.

Ҳамроҳхон Зарифӣ аз ҳамкории Амрико дар ин замина изҳори хушнудӣ кард. Хонум Ҷейкобсон пас аз имзои ин мувофиқатнома бар сари саҳми Тоҷикистон дар мубориза алайҳи терроризм ва амният дар Афғонистон таъкид кард ва гуфт, «Таваҷҷӯҳи мо дар бахши амниятӣ дар Тоҷикистон тавъам ба саҳми ин ҷумҳурӣ дар мубориза алайҳи терроризм, қоҷоқи маводи мухаддир дар Афғонистон аст ва мо ин талошҳои Тоҷикистонро қадр мекунем ва дар оянда низ ин ҳамкориҳои мо идома пайдо хоҳад кард.»

Сафири Амрико гуфт, ки ин мувофиқатномаи тоза имзошуда иҷрои чанд тарҳро дар бар дорад. Вай афзуд, аз ин 13 миллион доллари ихтисосдодашуда се миллионаш барои тақвияти пулиси вилояти Бадахшон масраф хоҳад шуд. Дувуним миллион доллар барои таъмир ва баланд бардоштани тавони Академияи марзбонии Тоҷикистон ва ду миллиони дигар барои тақвияти марзҳо, ҳамчунин, беш аз ду миллиони дигар барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир масраф хоҳад шуд. Ба иттилоъи сафири Амрико, наздик ба чор миллион дигари ин ёриҳо барои волияти қонун дар Тоҷикистон, омӯзиши кормандони додгоҳҳо, вакилони мудофеъ ва умуман кормандони бахши ҳуқуқ дар волоияти қонун ва мубориза алайҳи қочоқи инсон, ҳамчунин, такмили қонуни кайфарии Тоҷикистон масраф хоҳад шуд.

Хонум Ҷейкобсон гуфт, ки Амрико дар соли гузашта дар бахши амниятӣ дар Тоҷикистон 88 миллион доллар масраф кардааст ва ёриҳои ҳамасолаи Амрико ба Тоҷикистон дар бахши субот ва пешрафти иқтисоди ин ҷумҳурӣ 40 миллион долларро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG