Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокуниши Гурҷистон ба тарҳи сулҳ


Михаил Саакашвилӣ тарҳи сулҳи Гурҷистонро, ки аз сӯи раисҷумҳурҳои Фаронса Русия Дмитрий Медведев таҳия шуда буд, пазируфт.

Николя Саркозӣ, президенти Фаронса, шоми дирӯз дар ҳоле вориди Тифлис шуд, ки дар майдони назди порлумони Гурҷистон даҳҳо ҳазор нафар алайҳи ҳамлаи Русия ба кишвар эътироз мекарданд. Музокироти Николя Саркозӣ ва раисҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ то як поси шаб идома кард ва дар поёни он аз ризояти Саакашвилӣ ба ин тарҳ иттилоъ дода шуд.
Саркозӣ гуфт, ки бо ризояти Дмитрий Медведев, ибораи “баррасии байнулмилалии мақоми Осетияи Ҷанубӣ ва Абхазистон” бо ибораи “баррасии байнулмилалии масоъили эътидол ва амният” иваз шудааст.
Тибқи ин тарҳ, дар минтақа оташбас эълон шуда, нерӯҳои Русия ва Гурҷистон ба мавқеъҳои то шурӯъи ҷанг бармегарданд ва интиқоли озоди кумаки башарӣ ба минтақаро таъмин мекунанд. Ҳамчунин гуфта шудааст, ки то таҳияи тарҳи дарозмуддати ҳалли низоъ миёни Гурҷистон ва Осетияи ҷанубӣ нерӯҳои посдори сулҳи Русия дар минтақа боқӣ хоҳанд монд.
Николя Саркозӣ дар нишасти хабарӣ дар Тифлис гуфт, ки ин тарҳ рӯзи чаҳоршанбе дар нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои узви Иттиҳодияи Аврупо баррасӣ мешавад ва баъди пазируфта шудан аз сӯи онҳо нерӯи ҳуқуқӣ пайдо хоҳад кард.
Тазоҳуроти эътирозӣ алайҳи таҷовузи Русия, Тбилисӣ, 12-уми августи соли 2008
Ва аммо, ба гуфтаи таҳлилгарон, бо пазируфта шудани ин санад гумон аст, ки оташи ҷанг дар минтақа хомӯш шавад. Дирӯз ҳатто баъд аз он ки Дмитрий Медведев дар бораи хатми амалиёти низомӣ ҳарф мезад, нерӯҳои кишвар ҳамла ба баъзе манотиқи Гурҷистонро идома медоданд ва афсарони воломақоми вазорати дифоъи Русия низ мегуфтанд, ки амр дар бораи хатми амалиёт ҳанӯз маънии қатъи ҷангро надорад.
XS
SM
MD
LG