Пайвандҳои дастрасӣ

Баррасии матбуоти ҷаҳон


Баҳсҳо атрофи барномаи ҳастаии Эрон ва ҷорӣ кардани таҳримҳои нав алайҳи ин кишвар дар сархати шумораи тозаи нашрияҳои ғарбӣ қарор гирифтааст.

Ба қавли рӯзномаҳои ғарбӣ, рад кардани бастаи пешниҳодии ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди қатъӣ барномаи ҳастаӣ аз сӯи Эронро дар Вашингтон чун ба дарозо кашидани вақт ва даст ёфтан ба тавлиди бомби ҳастаӣ аз сӯи ин кишвар унвон мекунанд. Ва меафзоянд, Русия дар робита муқобили эъломи таҳримҳои нав алайҳи Эрон аст ва идомаи гуфтугӯ бо Эронро мехоҳад, ки дар зимн имкони зуҳури нави ихтилофҳо миёни Вошингтон ва Маскавро ба вуҷуд овардааст.

Ба навиштаи «Файнаншл таймс», посухи Эрон ба шашгона ҳатто Русия ва Чинро, ки мавқеи нармтар доранд, озурда сохтааст. Аммо Русия ҳанӯз ҳам хостори имкони фурсат додан барои Эрон дар мавриди посухи сазовортар аст, ва меафзояд шашгона ҳанӯз иқдоме дар мавриди эъломи таҳримҳои нав алайҳи Теҳрон нагирифтааст.

Дар робита, рӯзномаи «Гардиан» назари Амрико ба посухи Эрон дар мавриди пешниҳоди шашгонаро нашр карда, менависад, Вошингтон ба дунболи ин посухи сарди Эрон мехоҳад дар муқобили Теҳрон аз иқомоти шадид кор гирифта шавад. Ва ба қавли нашрия, ба дунболи он ки ИМА хостори ифтитоҳи намояндагии дипломатиаш дар Теҳрон шудааст ва барои посух ба ин пешниҳод барои Эрон ду ҳафта фурсати андеша кардан аст, пас ба Теҳрон ду роҳи мушаххаси интихоб пешниҳод гардид: ҳамкорӣ ва ё инзивоъ. Ва дар вазорати хориҷаи Бритониё бар инанд, ки мутаассифона, Эрон роҳи дуввум ва инзивоъро интихоб кард.

«Вашингтон таймс»-и амрикоӣ хабар додааст, Исроил, ки аз се ҷониб дар иҳотаи душманони сартопо мусаллаҳ қарор додрад, бо саросемагӣ тасмими сохтани ду системи зиддимушакиро гирифтаст, ки ин систем имкони кашфи мушакҳои наздик ва миёнапарвозро дорад. Ва ба қавли рӯзнома, ин систем қарор аст, дар шумори силоҳҳои Исроил дар соли 2010 мавриди корбурд қарор бигирад ва ҳадафи он ҳифзи минтақаи ҷануби ин кишвар аст. Ва ҳамчунин менависад, Исроил боз ҳам иқдом кардааст, ки дар соли 2012 системи дигари зидди мушакиеро ба кор андохтанист, ки имкони хунсо кардани мушакҳои миёнапарвози «Шаҳоб-3»-и Эронро дорад.

«Вашингтон таймс» ҳамчунин дар матлаби дигар менависад, Юлия Хрушёва, набераи Никита Хрушёв шабакаи аввали телевизиони давлатии Руисяро барои таҳқири падараш Леонид Хрушёв ба додгоҳ кашидааст. Ба қавли рӯзнома, даъвои Юлия он аст, ки ин телевизион дар барномае эълом доштааст, ки Леонид Хуршёв барои хиёнат дар ҷанги дуввуми ҷаҳон қатл шудааст. Аммо, менависад, маблағи барои ба гуфти Юлия ин таҳқир талабкардаааш аз телевзиони давлатии Русия ҳанӯз маълум нест.

Ва рӯзномаи «Таймс»-и чопи Ландан хабар додааст, ки нақшаи аввали Арктика таҳия шудааст, ки бар тибқи ин нақша кишварҳои ҳариси нафту газ метавонанд, захори саршори ин минтақарро ба ҳам қисмат кунанд. Нақшаи мазкур, менависад нашрия, аз сӯи муҳаққиқони донишгоҳи Дарем таҳия шуда ва тақрибан шаш кишвар муддаии ин минтақа ба ин тарҳи тақсимот эътироз нахоҳанд дошт.

XS
SM
MD
LG