Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қурмонбек Боқиев гирдиҳамоиҳоро намехоҳад?


Президенти Қирғизистон Қурмонбек Боқиев бо имзои тарҳи нави як қонун барои гузаронидани гирдиҳамоиҳо дар ин кишвар маҳдудиятҳо ҷорӣ кард.

Аммо ба гуфтаи муҳофизони ҳуқуқи башар имзои ин қонун дар мавриди таъсиси намоишҳои эътирозии шаҳрвандон ва озодиҳои дигари шаҳрвандӣ дар ин кишвар як қатор маҳдудиятҳоро ҷорӣ хоҳад кард.

Толуқон Исмоилова, раиси созмони ҳуқуқи башари «Шаҳрвандон алайҳи ришватхорӣ», мақараш дар Бишкек, гуфт, муҳофизони ҳуқуқи башар дар Қирғизистон солиёни дароз талош карда ва ахиран ба он ноил шуданд, ки Қирғизистон арзишҳои демокросӣ, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандиро риоя намояд.

Хонум Исмоилова гуфт, аммо вай чунин мешуморад, ки имзои тарҳи нави Қонун «Дар бораи ҳуқуқи таъсиси гирдиҳамоиҳои сулҳҷӯёна, бидуни силоҳ ва озодонаи шаҳрвандон», ки президент Боқиев анҷом дод, ҳамаи ормонҳои онҳоро ба нестӣ бурд.

Ба эътиқоди раиси созмони ҳуқуқи башари «Шаҳрвандон алайҳи ришватхорӣ», ҳукумате, ки баъди инқилоби 24-уми марти соли 2005 сари қудрат омад, тайи як муддати кӯтоҳ ба ҳукумати худкомаву авторитарӣ табдил ёфт.

Динора Ошурохунова, раҳбари эътилофи «Барои демократия ва ҷомеъаи шаҳрвандӣ», иброз дошт, ки имзои тарҳи нави ин қонун Қирғизистонро ба як қадам ақиб кашид. Ба гуфтаи Динора Ошурохунова, баъди ба имзо расидани тарҳи ин қонун онҳо ошкоро аз ҳайати ҳукуматӣ хориҷ шуданд, ки бо амри раисиҷумҳур Боқиев созмон ёфта буд.

Ин манбаъ афзуд, ҳайати мазбур муваззаф аст, ки чораҷӯиҳои ҳукуматиро дар мавриди 60-умин солгарди қабули қатъномаи СММ дар Қирғизистон раҳандозӣ намояд. Бар асоси суханони Динора Ошурохунова ихроҷи онҳо аз ҳайати ҳукуматӣ ба нишони эътироз алайҳи имзои тарҳи нави Қонун «Дар бораи ҳуқуқи таъсиси гирдиҳамоиҳои сулҳҷӯёна, бидуни силоҳ ва озодонаи шаҳрвандон» сурат гирифт.

Раҳбари эътилофи «Барои демократия ва озодиҳои шаҳрвандӣ» мегӯяд, ки унвонии президент Боқиев номаҳои зиёд ироа шуда буд, ки мебоист ӯро аз имзои тарҳи ин қонун боз медошт.

Хонум Ошурохунова гуфт, вале президент аз ҳамаи муроҷиатҳои муҳофизони ҳуқуқи башар ва гурӯҳи шаҳрвандон сарфи назар намуд ва тарҳи қонунеро имзо кард, ки хилофи Қонуни асосии кишвараш аст. Аммо дар ҳамин ҳол дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Қирғизистон дар шарҳи тарҳи нави қонун гуфтааст, ки президент бо имзо кардани он амнияти мардум ва озодиҳои шаҳрвандонро мадди назар доштааст. Бино ба ин манбаъ акнун дар Қирғизистон сохти конститутсионӣ зери хатар қарор нахоҳад монд ва мардум аз зиндагии орому осуда бархурдор хоҳад шуд.

Ба гуфтаи ҳомиёни ҳуқуқи башар ва намояндагони доираҳои сиёсии Қирғизистон, ки бо низоми кунунӣ дар мухолифат қарор доранд, Додгоҳи Қонуни асосӣ ба ҳамаи ин сару садоҳо нуқта хоҳад гузошт ва, ба истилоҳ, қилро аз хамир ҷудо хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG