Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Табаддулоти низомӣ дар Мавритания маҳкум шуд


Иттиҳоди Африқо, Иттиҳоди Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико табаддулоти низомӣ дар Мавританияро маҳкум намуданд.

Намояндаи Комиссиюни Аврупо Луи Мишел изҳор кард, ки Иттиҳоди Аврупо шояд ёрии молӣ ба ин кишвари африқоиро қатъ кунад.

Дирӯз, рӯзи шашуми август, низомиёни Мавритания ҳукуматро ишғол карда, эълом доштанд, ки раҳбарии “Шӯрои давлати”-ро фармондеҳи Горди президентӣ генерал Муҳаммад Абдулазиз бар ӯҳда гирифтааст.

Низомиён Кохи раисҷумҳур дар пойтахт - шаҳри Нуакчотро ишғол ва раисҷумҳур Сидӣ Муҳаммад Шайх Абдуллоҳ ва чанд мансабдори олимартабаи дигарро боздошт карданд.

Табаддулоти низомӣ баъд аз он сурат гирифт, ки бо амри раисҷумҳур чанд тан аз ҳарбиёни олирутба аз мақомҳои худ барканор шуданд.

Се сол пеш низ дар Мавритания табаддулоти низомӣ рух дода буд ва аммо баъдан дар кишвар интихоботи раисҷумҳур доир гардида буд.

XS
SM
MD
LG