Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истирдоди се шаҳрванди Узбакистон


Тоҷикистон се шаҳрванди Узбакистонро, ки дар пайгарди қонунӣ қарор доштанд, ба ихтиёри мақомоти ин кишвар супурд.

Маросими ба мақомоти Узбакистон додани ин се нафар, ки дар Тоҷикистон паноҳ бурда буданд, баъди гуфтушуниди мақомоти марзбонии тоҷик бо ҳамтоёни узбаки онҳо дар посгоҳи марзии ноҳияи Турсунзода сурат гирифт.

Хушнуд Раҳматуллоев, сардори дафтари матбуоти сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, мегӯяд, ин се нафар аз ҷониби хадамоти махсуси Узбакистон дар даст доштан ба ҷиноёти сангин дар Узбакистон ва қочоқи мол муттаҳам мешаванд. Оқои Раҳматуллоев ба ин далел, ки ҳанӯз парвандаи ин се нафар дар ҳоли омӯзиши мақомоти Узбакистон аст, шахсияти онҳоро ошкор накард.

Оқои Раҳматуллоев афзуд, дар мулоқоте, ки пушти дарҳои баста, миёни мақомоти сарҳадбонии Узбакистону Тоҷикистон сурат гирифт, масъалаи қочоқи молу ашё аз тариқи постгоҳҳои ду ҷониб мавриди баррасӣ қарор гирифтааст. Ба қавли вай ҷонибҳо чанд санади ҳамкориро ҷиҳати ҷилавгирӣ аз мавориди қочоқи молу коло ба имзо расонидаанд.

Коршиносон мегӯянд, ин аввалин музокироти мақомоти марзбонию амнияти амнияти Тоҷикистон бо мақомоти Кумитаи ҳифзи сарҳади Хадамоти амниятии Узбакистон мебошад, ки сурат гирифтааст. Мақомоти Тоҷикистон ба ихтиёри мақомоти узбак супоридани се нафар шаҳрванди кишвари ҳамсояро, ки дар Душанбе паноҳ бурда буданд, далели нияти нек ва ба ҳамкорӣ омода будани Тоҷикистон арзёбӣ карданд.

Ин дар ҳолест, ки ба қавли коршиносон баъд аз ҳамлаи қумондони ошӯбгар Маҳмуд Худойбердиев ба шимоли Тоҷикистон дар соли 1998 равобити ду кишвар ба сардӣ гароидааст. Ва Узбакистон баъд аз ин ҳодиса марзашро бо Тоҷикистон маҳкамтар баста, минкорӣ кардааст.

Ҳамчунин байни ду кишвар шурӯъ аз соли 2002 реҷаи шадиди раводид ҷорӣ шудааст. Коршиносон бозии рафиқонаи дастаҳои футболи мақомоти марзбонии ду кишвар ва он ҳам зери шиори «Дӯстии бидуни марз»-ро дар музокироти Турсунзода як падидаи нав дар муносиботи ин кишварҳо ҳисоб мекунанд.

Тибқи иттилоъи дафтари матбуоти сарраёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон, ҷонибҳо қарор додаанд, дар авоили соли оянда ҳамчунин як музокирот кунанд.

XS
SM
MD
LG