Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори мубталоёни СПИД камтар мешавад


Ин кӯдакон низ мубталоёни вируси СПИД мебошанд
Ин кӯдакон низ мубталоёни вируси СПИД мебошанд

Оҷонси мубориза бо бемории норасоии масунияти бадан, ё АЙДС-и СММ эълон кард, тайи ду соли ахир шумораи фавтидагон аз ин касалӣ камтар мешавад.

Тибқи гузориши тозаи ин муассиса, соли 2007 теъдоди мубталоёни вируси норасоии масъунияти бадан дар ҷаҳон дастикам 33 миллион нафарро ташкил медод, ки аксарияташон сокинони қораи Африқо мебошанд.

Бар асоси омори ин гузориш, аз соли 2005 мавориди марг аз ин вабои асри 21 коҳиш ёфтааст. Ба гуфтаи Созмони Милал, дар он сол аз бемории норасоии масунияти бадан 2 миллиону 200 ҳазор нафар фавтидаанд, аммо акнун ҳар сол теъдоди фавтидагон то 100 ҳазор нафар камтар мешавад.

Пизишкон бемории ВИЧ СПИД ва ё норасоии масунияти баданро аввали солҳои 80-уми асри гузашта кашф намуда, бо сабаби набудани даво онро вабои асри 20 номиданд.

Яке аз сабабҳои коҳиши фавтидагон аз ҷумла дар пешравии тиб ва дорусозӣ буда, аз дигар ҷониб доруҳои зарурӣ ҳоло ба минтақаҳои ҷануби биёбонии Саҳрои Кабир бештар мерасад. Ин имкон медиҳад, ки маризон умри дарозтар бинанд ва ин дар ҳолест ки шумораи мубталоёни касалии АЙДС ҳар сол зиёд мешавад. Бо вуҷуди ин муаллифони гузориш қайд мекунанд ки соли 2007 дар муқоиса ба соли 2006 афзоиши шумораи мубталоён қариб тағийр наёфт ва 2 миллиону 700 ҳазор нафарро ташкил дод, ки инро онҳо ба ҳайси падидаи мусбат арзёбӣ мекунанд.

Намояндаи расмии оҷонси СММ профессор Пол Де Лей гуфт, ки бо вуҷуди ҳамаи ин дастовардҳо кцшишҳои ҷомеъаи байнулмилали кофӣ нест ва ба ҳар ду беморе, ки мавриди табобат қарор мегиранд ҳар сол боз панҷ нафар мубталои ин вирус мешаванд. Дар саросари ҷаҳон ҳар рӯз 7 ҳазору 500 нафар аксаран аз роҳҳои робитаҳои ҷинсӣ ва ё сӯзан задани маводи мухаддир мубталои вируси норасоии масунияти бадан мегарданд.

Бино бар гузориш, аз се ду ҳиссаи мубталоёни ин вирус дар минтақаҳои Саҳрои Кабири Африқо басар мебаранд ва 60 дар садашонро занҳо ташкил медиҳанд. Шумораи мубталоён дар кишварҳои ба монанди Чин, Индонезӣ, Кения, Папуа Гвинеяи Нав, Русия, Украина ва Виетнам зиёд шудааст. Дар Олмон, Британиё ва Австралия низ афзоиши шумораи мубталоён мушоҳида мешавад.

XS
SM
MD
LG