Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Поёни сафари Обама ба Ховари Миёна ва Аврупо


Довталаби курсии президенти ИМА, Барак Обама сафари хориҷияшро дар Бритониё бо мулоқот бо сарвазир Гордон Браун поён бахшид.

Ба қавли Обама барои ҳалли мушкилоти ҷаҳонӣ, аз ҷумла масъалаи Ироқу Афғонистон равобити қавии ду тарафи уқёнуси Атлантик зарур аст.

Сенатор Барак Обама аз тасмими сафар ба Аврупову Ховари Миёна дифоъ намуда, афзуд, ки баисёре аз мушкилиҳои дохилии Амрикоро метавон дар ҳамкорӣ бо кишварҳои муттафиқ рафъ намуд: "Ман бар ин назарам, ки бисёре аз мушкилиҳои дохилии моро бидуни ҳамкории зич бо шарикони хориҷиамон наметавон рафъ намуд. То замоне, ки вазъи Афғонистону Ироқ тағйир наёбад, мо на фақат амнияти камтар хоҳем дошт, балки ҳамчунон захираҳои зиёди мо дар он ҷо масраф хоҳанд шуд".

Обама гуфт, агар моҳи ноябр ӯ дар интихоботи президентии ИМА пирӯз шавад, пешниҳод хоҳад кард, ки дар давоми 16 моҳ воҳидҳои ҷангии ИМА хоки Ироқро тарк кунанд.

Обама такрор кард, ки ИМА ва муттафиқонаш бояд ба Афғонистон таваҷҷӯҳ намоянд: "Ман дар бораи зарурати афзоиши нерӯҳо дар Афғонистон ҳарф задаам. Воқеан мо ҷонибдори тақсими баъзе ҳазинаҳо мебошем. Ба фикрам барои мо муҳим аст, ки кори заруриро ба анҷом расонем. Ҳамчунон зарур аст, ки мо зербинои ин кишварро эҳё намоем. Дар баъзе соҳаҳо, аз ҷумла тамрини афсарони полис имкони бунёди зербинои васеътар барои ҳукумати президенти афғон Ҳомиди Карзай барои аввалин фароҳам оварда хоҳад шуд. Иҷрои ин барномаҳо ба сармоягузориҳои бузург эҳтиёҷ хоҳад дошт".

Ҳангоми сӯҳбат бо сарвазири Британия дар Лондон Обама дар бораи тағйири иқлим, мубориза бо терроризм ва вазъи бозорҳои молии ҷаҳонӣ табодули назар кард.

Пеш аз зиёрати Британия дар Фаронса Обама изҳор намуд, ки Эрон набояд мунтазири интихоби президенти ояндаи ИМА шуда, баҳсаш бо мамолики ғарбиро ҳар чӣ зудтар ҳал намояд. Обама бар ин назар аст, ки Ҷумҳурии исломии Эрон бояд бахши ҳассоси баномаи ҳаставиашро мутаваққиф кунад.

XS
SM
MD
LG