Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хуҷанд: 20 захмии задухурд бо чиноиҳо


Шумори захмишудагон дар задухурди чиноиҳо бо сокинони шаҳри Хуҷанд, ки ба беморхона интиқол дода шудаанд, беш аз 20 нафар будааст.

Гуфта мешавад, чиноиҳо дар ин задухурд аз оҳанпораҳо истифода кардаанд, ки боиси ҷароҳати вазнин бардоштани чанд тан аз захмишудагон гаштааст.

Шоми 22-уми июл дар тарабхонаи «Баҳори Аҷам», воқеъ дар маҳаллаи 19-уми шаҳри Хуҷанд, байни шаҳрвандони Чин ва сокинони шаҳри Хуҷанд муноқиша ба амал омад, ки ниҳоят ба муштзании ду тараф ва бо захмишавии чанд нафар сокинон анҷомид.

Ин ҳодиса дар замоне рух дод, ки ду шаҳрванди Чин ва ду-се нафар сокинони Хуҷанд дар тарабхона исироҳат доштанд ва бо сабаби номаълум миёни онҳо муноқиша даргирифт. Дере нагузашта теъдоди зиёди шаҳрвандони Чин ба ин тарабхона ҷамъ омаданд ва барои латукӯб кардани сокинони Хуҷанд чӯбу оҳанпораҳоро истифода карданд.

Аммо сабаби сар задании муноқиша байни шаҳрвандони Чин ва Тоҷикистон бар сари чист, то ҳол маълум нест. Маркази хабарии идораи умури дохилаи вилояти Суғд дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт, ки ҷиҳати таҳқиқи ин ҳодиса миёни шаҳрвандони Тоҷикистону Чин як комиссюни вижа таъсис дода шудааст ва ҳоло ин комиссия тафтишот мебарад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG