Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Телефони "Айфон" ҷаҳонро тасхир мекунад


Ширкати Эпл Инкорпорейшн мегӯяд, тайи танҳо 2 рӯзи охири ҳафтаи гузашта 1 миллион Айфони насли ҷадид, мавсум ба Айфон Фри Ҷиро ба фурӯш задааст.

Насли нави Айфонро ин ширкат рӯзи ҷумъаи 11 июн якбора дар 21 кишвар ба бозор даровард. Ин дар ҳолест, ки дар тобистони соли гузашта фурӯши насли якуми Айфон танҳо баъд аз 74 рӯзи даромаданаш ба бозор ба 1 миллион расида буд. Насли якуми Айфон тайи 2 рӯзи аввали даромаданаш ба бозор ба миқдори танҳо 270 000 адад ба фурӯш рафта буд.

Ширкати Эппл, ки аз моҳи июни соли 2007 то кунун тақрибан 6 миллион Айфони насли аввалро ба фурӯш задааст, қасд дорад, то поёни соли ҷорӣ ҳаҷми фурӯшоти ин навъи фаровардаҳояш, манзур ҳарду насли Айфонро ба 10 миллион адад бирасонад. Стив Ҷобс, мудиромили ширкати Эппл дар як баёния гуфтааст, Айфон Фри Ҷи тайи рӯзҳои аввали даромаданаш ба бозор фурӯши ҳайратангезе доштааст.

Насли ҷадиди Айфон дар муқоиса бо насли аввалаш як силсила бартариҳо дошта, ширкати Эппл талош кардааст, дар Айфони ҷадиди камбудиҳоеро, ки муштариён дар кори насли якуми он мушоҳида карда буданд, ислоҳ кунад.

Зимнан, бино ба хабарҳо, ба бозор даромадани Айфон Фри Ҷи ва фурӯши ҳайратангези он дар 2 рӯзи аввал ба тақрибан 1 дарсад афзудани қимати саҳмияҳои ширкати Эппл дар бозор низ мусоидат кардааст. Ва феълан қимати ҳар саҳмияи Эппл Инкорпорейшн ба 180 доллар наздик шудааст.

XS
SM
MD
LG