Пайвандҳои дастрасӣ

Дуруд бар шумо азизон! Ман Шаҳлои Гулхоҷа ҳастам ва барномаи «Ояндасоз мюзик»-ро тақдиматон мекунам.

Ман хеле мусиқиро дӯст дорам ва медонам, ки шумо низ мусиқиро дӯст доред, зеро ҳамроҳ бо ман ҳастед ва интизори оҳангҳои шуниданӣ. Пас дар сайри ҷаҳони пурасрори оҳангҳои хуби тоҷикӣ ҳамсафари ман бошед.

Медонед, дӯстони азиз, чанд рӯз қабл ҳангоме, ки ман савори худраве шудам, оҳангеро шунидам, ки бо садои барои ман ошно иҷро мегардид. Ва чун таваҷҷӯҳ кардам соҳиби ин овозро шинохтам. Абдухолиқи Суфӣ буд, марди нобиное, ки шояд бисёриҳо дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе таронаҳои ғамангези ӯро шунидаанд. Аз ронандаи худрав пурсидам, ки ин фиттаро аз куҷо дастрас кардааст? Ӯ гуфт, аз дӯкони фиттафурӯшӣ харидорӣ намудааст.

Ин фиттае, ки дар мавридаш бо ронандаи мошин сӯҳбат кардем, нахустин гулчини сурудаҳои Абдухолиқи Суфӣ аст, ки ба тозагӣ нашр гардид. Агар равшантар гӯем, Абдухолиқи Суфӣ, ки шефтаи ҳунари Аҳмади Зоҳир аст, ағлаби сурудаҳои ӯ моли ин овозхони маҳбуби Шарқ мебошад. Аммо маъруфиятро Абдухолиқ пас аз нақшофарӣ дар ду филм - «Ишқ ва фалсафа»-и коргардон Мӯҳисни Махмалбоф ва «Овора»-и Гуландом Муҳаббатова - касб кард. Дар ҳардуи ин филм ҳам Абдухолиқ таронаи «Ҳама ёрон»-ро суруд, ки барои шунавандагони дохил ва низ хориҷи кишвар хотирмон буд.

Феълан Абдухолиқ дар хона-интернати кӯҳансолон ба сар мебарад. Ва барномаи «Ояндасоз мюзик» бо ӯ сӯҳбати телефонӣ анҷом дод. Нахуст ман аз Абдухолиқи Суфӣ дар мавриди фиттаи тозанашраш суол кардам. Ӯ гуфт, ҳарчанд матни таронаҳо моли Аҳмад Зоҳир аст, аммо оҳангҳои аксарияташро ӯ таҷдид кардааст. Абдухолиқ мегӯяд, ҳарчанд мехоҳад худаш тарона эҷод кунад, аммо дар ин роҳ мушкилӣ мекашад. Ба гуфтаи Абдухолиқ, тибқи ваъда ӯ низ бояд аз фурӯши сидияш манфиати молӣ медид, вале, мутаасиффона, то ҳол маблағе дарёфт накардааст.

Ин марди ҳунарманд бо як тарабхона қарордоди ҳамкорӣ бастааст ва моҳе ду бор овозхонӣ мекунад. Абдухолиқ мегӯяд, дар ноҳия мухлисони зиёде дорад. Абдухолиқи Суфӣ ният дорад бо кӯмаки дӯстон боз ду сиддиро нашр кунад, ки дар онҳо чанд фалаки бадахшонӣ низ ворид карда мешаванд.

Барои шунидани барномаи «Ояндасоз мюзик» ишораи аудио дар тарафи рости болои ин саҳифаро нохун занед.

Вобаста

XS
SM
MD
LG