Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Макотиби олӣ: Низоми нави қабули донишҷӯён


Вазорати маорифи Тоҷикистон тасмим дорад, шурӯъ аз соли оянда тартиби қабули донишҷӯёнро ба макотиби олии кишвар тағйир диҳад.

Ин вазорат ҳадаф дорад, тартиби пешини имтиҳоноти қабули донишҷуёнро барҳам дода, воридшавии довталабон ба донишгоҳҳоро аз тариқи гузаштан ба системаи ягонаи санҷиши тестӣ роҳандозӣ кунад.

Абдуҷабор Раҳмонов, вазири маорифи Тоҷикистон, мегӯяд, ин вазорат ҷиҳати гузаштан ба системи ҷадиди қабули донишҷуён дар садади ташкили маркази миллии санҷиши тестӣ мебошад. Оқои Раҳмонов меафзояд, ҳукумати Точикистон дар хусуси таъсиси ин марказ қарори вижаеро ба имзо расонида ва вазорати маориф оинномаи ин марказро бо ҳамдастии созмонҳои байнулмилалӣ, монанди Барномаи Рушди Созмони Миллали Мутаҳид ва Созмони наҷоти кӯдакон, таҳия кардааст.

Ба қавли оқои Раҳмонов, то соли оянда ин марказ ташкил шуда, дар соли оянда қабули довталбон ба макотиби олии Тоҷикистон бо тартиби нав сурат хоҳад гирифт. Ӯ мегӯяд, вазорати маориф феълан дурнамои фаъолияти ин марказро таҳия кардаст ва қарор аст, номгӯи донишгоҳҳое, ки қабули донишҷӯёнро бо усули ҷадид анҷом медиҳанд, дар моҳи март ё майи соли оянда муайян хоҳад кард.

Оқои Раҳмонов меафзояд, вазорати маориф барои гузаштан ба тарзи ҷадиди қабули донишҷӯён кормандонашро дар кишварҳое, ки системаи ягонаи санҷиши тестӣ роиҷ аст, омӯзиш додааст. Ба қавли вай ягона мушкиле, ки барои гузаштан ба системаи ҷадиди қабули донишҷӯён монеъа эҷод мекунад, ин адами маблағ мебошад. У мегуяд, барои ин 4 миллиону 600 ҳазор доллар зарур аст. Аммо мегӯяд, оқои Раҳмонов, вазорати маориф қасд дорад бо кӯмаки созмонҳо ва кишварҳои донор ин маблағро дарёфт кунад.

Ин тасмими вазорати маориф дар ҳолест, ки тартибу низоми имтиҳоноти қабули макотиби олии Тоҷикистон аз замони шӯравӣ то кунун тағйири ҷиддӣ наёфтааст. Ва коршиносон мегӯянд, ки ҳангоми воридшавӣ ба донишгоҳҳои Тоҷикистон шаклҳои гуногуни фасод, монанди ришвахорию маҳалгароӣ густариш пайдо кардааст, ки ин ҳама боис ба нақзи ҳуқуқи довталабон ва костагии бовари ҷомеа ба қабули боадолатонаи донишҷӯён дар донишгоҳҳои кишвар шудааст.

XS
SM
MD
LG