Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҳдиди Эрон ба Исроил ва ИМА


Муҷтабо Зуннур, ҷонишини намояндаи раҳбари рӯҳонии Эрон дар Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон

Муҷтабо Зуннур, ҷонишини намояндаи раҳбари рӯҳонии Эрон дар Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон

Мақомоти Эрон гуфтаанд, дар сурати ҳамла ба ин кишвар Исроил ва 32 пойгоҳи низомии ИМА дар минтақа ҳадафи мушакҳои эронӣ қарор хоҳад гирифт.

Ин иддаоро Муҷтабо Зуннур, ҷонишини намояндаи раҳбари рӯҳонии Эрон дар Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ, эълон кардааст. Таҳдидҳои Эрон дар ҳолест, ки ахиран Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон озмоишҳои мушакҳои нави дурпарвозро баргузор кард, ки нигаронӣ ва эътирози ИМА ва Иттиҳоди Аврупоро ба бор овард.

Кишварҳои Ғарб тавсеъаи мушакҳои дурпарвози эронӣ дар баробари барномаи ҳастаии Эронро ҳамчун талошҳои ин кишвар барои дастёбӣ ба силоҳи куштори дастаҷамъӣ арзёбӣ мекунанд. Вале ҷониби Эрон пайваста барномаи ҳастаии худро сулҳомез ва ҳадафи тавсеъаи мушакҳои худро дифоъ аз кишвар унвон мекунад.

XS
SM
MD
LG