Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бунёди Бертелсман: мақоми дин дар байни ҷавонон


Бино ба назархоҳии Бунёди Бертелсман (Олмон), мақоми дин миёни ҷавонони олам мисли ҳамеша қавӣ будааст.

Ин назарсанҷӣ дар саросари ҷаҳон анҷом шуда, нишон дод, кибештар дар Аврупо коҳиши нуфузи дин мушоҳида мешавад.
Зоҳиран, хулосаҳои ин бунёди муътабари ҷомиъашиносӣ, ки дирӯз интишор гаштаанд, барои аврупоиҳо тааҷубовар хоҳад буд. Муаллифони гузориш ба ин хулоса омадаанд, ки танҳо дар Аврупо сатҳи диндории насли ҷавон дар муқоиса ба волидайнашон пастар будааст. Ва ин ҳам дар ҳоле, ки дар боқии қисматҳои ҷаҳон вазъ чунин нест.
Дар ин гузориш омадааст, ки дар кишварҳои дар ҳоли рушд ва исломӣ диндории ҷавонон дар сатҳи диндории калонсолон боқӣ мемонад. Дар Мағриб, масалан, дастикам 99 дарсади ҷавонон ба худо ва охират бовар доштаанд. Бар тибқи назарсанҷии мазкур, 90 дарсади ҷавонони Бразилия, Туркия ва Нигерия диндоранд, дар Исроил, Индонезӣ ва Итолиё бошад 80 дарсади ҳамсолони онҳо худотарсанд.
Раҳбари бахши Мушоҳидаи динии барномаи Бертелсман Мартин Рейгер мегӯяд, ин тасаввурро, ки гӯиё мақоми дин насл ба насл заифтар мегардад, ҳатто дар баъзе миллатҳои пешрафтаи саноъатӣ мешавад ба осонӣ инкор намуд.
Ҳамин тавр, пажӯҳишгарон ба ин натиҷа расиданд, ки эътиқодмандӣ миёни ҷавонони Бритониё ва Исроил дар муқоиса ба падару модаронашон ҳатто қавитар будааст.
Нахустин омори Барномаи мушоҳидаи сатҳи диндории Бертелсман, ки интизор меравад дар оянда сол ба сол такмил гардад, ба муносибати ҷашнвораи католикҳои ҷавон “Рӯзи ҷаҳонии ҷавонон” интишор гашт. Ин ҷашнвора бо ҳузури Попи Рум Бенедикти 16 дар пойтахти Австралиё шаҳри Сидней 20-уми июл баргузор мегардад.
Дар ҳамин ҳол, 85 дарсади ҷавонони синнашон 18 – 29-сола дар саросари ҷаҳон ба худо бовар доранд ва 44 дарсадашон худро диндори сахт меҳисобанд. Ин 44 дарсад намоз мехонанд, дар бораи мавзӯъҳои динӣ баҳс мекунанд ва рафтори ҳаррӯзаашон аз рӯи қоидаҳои динӣ раҳнамоӣ мешавад.
Дар Фаронса, Русия ва Австрия ҳамагӣ мутаносибан 9, 8 ва 7 фоизи ҷавонон ҳар рӯз намоз мегузоштаанд. Тибқи натиҷаҳои пажӯҳиш, дар ИМА 57 дарсадаи аҳолии ҷавонсол ҳар рӯз намоз мехондаанд.
XS
SM
MD
LG