Пайвандҳои дастрасӣ

Шӯрои уламо ва додситонии Суғд салафияро як ҷараёни дар миёни мусалмонон ҷудоиандоз хондаанд.

Ахиран аз ҷониби ниҳодҳои мазкур масъалаи пешгирӣ аз тавсеъаи ин ҷараёни динӣ ба миён гузошта шуд. Ҳусейн Мусозода, раиси шӯрои уламои Суғд, гуфт, салафия дар таййи ду-се соли ахир дар Суғд пайравони зиёд пайдо кардааст. Ба гуфтаи вай, салафия бо мазҳаби ҳанафӣ, ки қисмати аъзами мардуми Тоҷикистон аз он пайравӣ мекунанд, фарқҳои ақидавӣ надорад. Вале, ба ақидаи вай, чанд фарқи зоҳирӣ аз ҷониби пайравони ин равия дар адои намоз кофист, то миёни намозгузорон ихтилоф андозад: «Салафиҳо дар намоз «омин»-ро баланд мегӯянд ва ҳамчунин баъзе фатвоҳое медиҳанд, ки ба мазҳаби Имоми Аъзам тааллуқ надоранд. Тафриқа аз он сар мезанад, ки пайравони салафия ба мусалмонони суннатӣ мегӯянд, намози шумо, ки 1400 сол инҷониб «омин»-ро паст мегуфтед, қабул нашудааст».
Ҳусейн Мусозода, раиси Шӯрои уламои Суғд ва имом-хатиби масҷиди Шайх Муслиҳиддини Хуҷанд, мегӯяд, ҷараёни салафия аз барномаҳои сиёсӣ кор намегирад ва мисли «Ҳизб-ут-таҳрир» тундрав нест. Ба гуфтаи вай, ба ин ҷараён асосан намозгузорони ҷавон рӯ овардаанд, ки аз сӯи раҳбарони маҳаллии худ ва саҳифаҳои интернетии Русия раҳнамоӣ мебинанд .
Шӯрои уламо бархӯрд бо онро аз тариқи фаҳмониш ва тарғибу ташвиқ муносиб медонад. Аммо усули муборизаи додситонӣ комилан фарқ мекунад. Хайруллоҳ Саидов, додситони Суғд, ҷонибдори бархӯрди сахттар бо пайравони салафия аст ва ҷонибдори раҳ надодани онҳо ба масоҷид. Ба ақидаи вай, пайравони ин ҷараён, ҳарчанд дар қадами аввал ба корҳои ғайриқонунӣ даст намезананд, аммо баъди нерӯ ва тавон ёфтан ба амнияти Тоҷикистон хатар меоранд.
Додситони Суғд афзуд, ки салафия дар вилоят асосан дар шаҳри Чкаловск ва ноҳияҳои Масчоҳу Зафаробод пайравони бештар пайдо кардааст. Нуруллоҳхон Ҳидоятов, имом-хатиби масҷиди ҷомеъи шаҳри Конибодом, гуфтааст, ки дар ду масҷиди панҷвақтаи шаҳр ҳудуди панҷоҳ нафар аз салафия пайравӣ мекунанд.
Вале як ҷавони суғдӣ, ки дар суҳбат бо Радиои Озодӣ аз зикри номаш худдорӣ варзид, ин гуна ҳушдори масъулин дар мавриди эҷоди ихтилофу тафриқа аз ҷониби пайравони салафияро беасос ва муболиғаомез хонд: «Тафриқаву ихтилоф аз ҷониби худи намояндагони расмии дин эҷод карда мешавад, ки аз рӯи чанд фарқи зоҳирӣ дар намоз, мисли ба таври дигар доштани дастҳо ва ё васеъ гузоштани масофаи байни пойҳо ба равияву ҷараёнҳо ҷудо мекунанд».
Ин ҷавон инчунин гуфт, уламои расмӣ, ки худ бо раъйи мақомоти давлатӣ ба вазифаҳои масъули масоҷид таъйин карда мешаванд, аз раҳ ёфтани ҷавонони мазҳабии ҳақиқатҷӯ ба вазифаҳои динӣ, хусусан дар кишварҳои арабӣ таҳсилдида, бо баҳонаи пайрави салафия будани онҳо ҷилавгирӣ мекунанд. Ба гуфтаи ин ҷавон, додситонӣ ҳам, ки ба вориди масҷид шудани тарафдорони салафия, ба сабаби пайрави ҷараёни дигари динӣ будани онҳо, монеъ мешавад, худ ба оташи ихтилофу тафриқа доман мезанад.
Вале бо ин вуҷуд, намояндагони умури дини вилоят бар инанд, ки аз ҷараёни салафия дар инҷо теъдоди ками диндорон пайравӣ мекунанд. Шӯрои уламо мегӯяд, ки баъди фаҳмонидан ва талқин бархе аз салафиён аз он роҳ баргаштаанд. Аббоси Раҷабиён, муовини раиси бахши суғдии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мегӯяд, ончи аз аъмоли пайравони салафия нохушоянд ба назар меояд, барои бисёри онҳо фарҳанги худӣ, мисли забону адабиёту ҳунар ва таърихи миллӣ аслан арзише надоранд ва ба ҷуз қуръону суннат дигар ҳама чиз, забону фарҳанг ва таърихи хосси миллиро қабул надоранд.
А. Раҷабиён афзуд, аз он дар кишвар ин гуна ҷараёнҳои мазҳабӣ пайдо мешаванд, ки аз ҷониби давлат барои сокинон, махсусан бачаҳову ҷавонон, ҳеч гуна имконоти шиносоӣ ва омӯзиши асосҳои мазҳаби ҳанафӣ фароҳам оварда нашудааст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG