Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Тоҷиктелеком» низ муҷозот шуд


Натоиҷи ниҳоии даври навбатии мусобиқоти қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон ба ҷадвали мусобиқот тағйирот ворид намуд.

Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар майдони худ аз тими «Энергетик»-и Душанбе бо ҳисоби 1:2 шикаст хӯрд. Тими «Гвардия»-и Душанбе низ аз меҳмони худ «Динамо»-и Душанбе бо ҳисоби 1:3 мағлуб гардид.
Вале, чунон ки дар гузориши қаблиамон иттилоъ додем, ду бозии дигар то ба охир нарасиданд. Дар дидори «Регар» ТадАЗ бо «Саройкамар (Панҷ) дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода то дақиқаи 30-юм ҳисоб баробар - 1:1 – буд ва, баъди он ки ба дарвозаи дастаи «Саройкамар» пенолти ё ҷаримаи 11-метра таъйин гардид, футболбозони он ба нишони эътироз аз ҳукми сардовар Рустам Холов майдонро тарк карданд.
Ин ҳодиса дар Федеросиюни футболи Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт. Ва, билахира, бар тибқи тасмими федеросиюн, дастаи «Регар» ТадАЗ бо ҳисоби 3:0 пирӯз дониста, «Саройкамар» ба маблағи 3 000 сомонӣ ҷарима баста шуд.
Дар бозии дигари ин давр байни тимҳои «Парвоз»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва «Тоҷиктелеком»-и шаҳри Қурғонтеппа низ айнан чунин ҳолат рух дод. Пас аз он ки дар дақиқаи 60-ум ҳангоми 1:0 ба фоидаи «Парвоз» будани ҳисоб меҳмонон дар ҷаримагоҳи худ қоидаи бозиро вайрон карданд, сардовар Олим Норбоев ба дарвозаи «Тоҷиктелеком» ҷаримаи 11-метра таъйин намуд. Пас аз ин футболбозони Қурғонтеппа ба нишони эътироз аз давом додани бозӣ даст кашиданд.
Ба иттилоъи Шавкат Аҳмадов, масъули Федеросиюни футболи Тоҷикистон, ин ҳодиса низ 7-уми июл дар Федеросиюни футболи Тоҷикистон баррасӣ шуд ва, бар асоси тасмими федеросиюн, дастаи «Парвоз» бо ҳисоби 3:0 пирӯз дониста шуд, «Тоҷиктелеком» бошад ба маблағи 3 000 сомонӣ мувоҷеҳи ҷарима гардид.
Пас аз ин пирӯзӣ «Парвоз» бо 35 имтиёз ба садри ҷадвали мусобиқот баромад. «Регар» ТадАЗ, ки як бозӣ камтар гузаронидааст, бо 32 имтиёз феълан дар зинаи дувум қарор гирифтааст. Дастаи «Хуҷанд» бо 29 имтиёз дар ҷои севум мебошад.
Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот то 7-уми июл
Ҷ
Дастаҳо
Б
Ғ
М
Б
Т
И
1.
«Парвоз»
14
11
2
1
36-11
35
2.
«Регар» ТадАЗ
13
10
2
1
39-10
32
3.
«Хуҷанд»
13
9
2
2
15-6
29
4.
«Вахш»
13
7
2
4
18-11
23
5.
«Динамо»
14
6
4
4
20-17
22
6.
«Тоҷиктелеком»
15
6
0
9
21-25
18
7.
CSKA «Помир»
14
5
0
9
10-25
15
8.
«Энергетик»
15
4
3
8
21-29
15
9.
«Равшан»
16
4
1
11
18-35
13
10
«Гвардия»
14
3
2
9
13-32
11
11
«Саройкамар»
15
2
4
9
23-33
10
Бозиҳои навбатӣ: 7-уми июл. «Равшан» – «Регар» ТадАЗ, «Вахш» – «Гвардия». 8-уми июл. CSKA «Помир» – «Парвоз», «Энергетик» – «Хуҷанд», «Саройкамар» – «Тоҷиктелеком». 9-уми июл. «Динамо» – «Равшан».
XS
SM
MD
LG