Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фирори маҳбус аз зиндони Хуҷанд


Шаби гузашта аз зиндони шаҳри Хуҷанд, ду зиндонӣ фирор намуданд, ки яке аз онҳо зимни таъқиби пулис кушта шудааст.

Яке дигар аз зиндониёни фирорӣ дар ҳоли ҳозир таҳти пайгарди нируҳои интизомӣ қарор дорад. Ин маҳбуси фирорӣ Бахтиёр Баротов, сокини 37 солаи шаҳри Хуҷанд мебошад, ки барои куштор ба 20 соли зиндон маҳкум шуда ва се сол ба ин ҷониб дар зиндон будааст. Додситонии Суғд гуфт, ҳангоми фирор аз маҳбаси Хуҷанд шаҳрванди Русия, Расим Баширов аз захми тири нигаҳбони зиндон кушта шудааст. Асадулло Урунов, як масъули додситонии Суғд гуфт, дар бораи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз гардида, барои дастгир кардани фирорӣ ҷустори ҷиноӣ эълон шудааст.

Ба гуфтаи додситонии Суғд, шаҳрванди аз тири нигаҳбони зиндони низоми сахти Хуҷанд кушташудаи Русия, Расим Баширов бо ҷурми мансубият ба Ҳаракати Исломии Узбакистон (ҲИУ) дар ин зиндон нигаҳ дошта мешуд. Додгоҳи Суғд ӯро дар моҳи майи соли 2006 ҳамроҳи як гурӯҳи 6 нафарии иборат аз 5 сокини Тоҷикистон ва як шаҳрванди Узбакистон барои 19 сол ба ҳабс маҳкум карда буд.

Додгоҳ эълон дошта буд, ки зимни боздошт дар тирамоҳи соли 2005 аз манзили яке аз ин гурӯҳи зиндонишуда дар шаҳри Хуҷанд кормандони мақомоти интизомиву амниятии Суғд як адад силоҳи Калашников ва сӣ дона тир дарёфт ва мусодира кардаанд, ки ба шаҳрванди Русия, Рашид Баширов тааллуқ доштааст.

XS
SM
MD
LG