Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҳқиқи таъсири нерӯгоҳи нав ба Узбакистон


Профессор Франк Шраддер

Профессор Франк Шраддер

Як ҳайъати олмонӣ шароити бунёди нерӯгоҳи обии «Ёвон» дар рӯдхонаи Зарафшонро таҳқиқ карда, ба хулосае расидааст, ки эҳдоси он дар Тоҷикистон ҳеч зараре ба Узбакистон намерасонад.

Профессор, Франк Шраддер, роҳбари гурӯҳи таҳқиқотии олмонӣ даъвоҳои Узбакистонро дар хусуси он ки гӯиё сохтмони ин нерӯгоҳ вазъи эколожии минтақаро буҳронӣ мекардааст ва дар сурати эҳдоси он ба ин кишвар дар фасли тобистон гӯиё об намерасидааст, беасос хонд. Шраддер мутазаккир шуд, ки ҳаҷми обанбори ин нерӯгоҳ хурд буда, 300 миллион метри мураббаъ хоҳад буд, ки он дар тобистон резиши шабонарӯзии обро кам намекунад ва ба минтақа зарари эколожию иқтисодӣ намерасонад.
Шраддер меафзояд: «Ман мухолифати кишвари дигарро нодуруст меҳисобам. Эҳдоси ин нерӯгоҳ режими дарёи Зарафшонро тағйир намедиҳад. Ин нерӯгоҳ ба кишвари ҳамсояи Узбакистон на зарари иқтисодӣ мерасонаду на зарари эколожӣ. Нерӯгоҳ обро намехӯрад, пеши ҷараёни обро бо як обанбори хурд гирифта намешавад. Ва ин нерӯгоҳ дар фасли тобистон киштзорҳои Узбакистонро беоб намегузорад. Мо умедворем, ки Узбакистону Тоҷикистон сари ин масъала бо кумаки давлати Олмон ба тавофуқ мерасанд».
Қаблан давлати Чин таъаҳҳуд карда буд, ки нерӯгоҳи «Ёвон»-ро дар рӯдхонаи Зарафшон, дар қаламрави Тоҷикистон бо сармояи худ эҳдос хоҳад кард, аммо дар пайи мухолифати Узбакистон ба тарҳҳои энержии обии Тоҷикистон дар рӯдхонаҳои фаромарзӣ аз иҷрои ин тарҳ худдорӣ кард.
Яраш Пӯлодов, профессори тоҷик, коршиноси масоъили обу энержӣ, мегӯяд, замоне, ки Тоҷикистон хост, то як нерӯгоҳи хурдро дар ин рӯдхона барои таъмини мардум дар фасли зимистон бо нерӯи барқ бунёд кунад, Узбакистон ба ин тарҳ мухолифатро оғоз кард. Ба қавли ӯ, Узбакистон 96 дарсади оби дарёи Зарафшони Тоҷикистонро ба таври ройгон истифода мебарад. Ӯ меафзояд, ин рӯдхона вилоятҳои Узбакистон – Самарқанд, Бухоро, Ҷиззах ва Навоиро шодоб мегардонад ва танҳо 4 дарсади оби онро Тоҷикистон истифода мебарад.
Ба андешаи коршиносон, Узбакистон ҳарос дорад, ки дар сурати эҳдоси ин тарҳ Тоҷикистон имкони идораи оби рӯдхонаи Зарафшонро пайдо карда, барои Узбакистон истифодаи онро пулакӣ кунад.
Франк Шраддер мегӯяд, ки масъалаи бунёди нерӯгоҳҳои энержӣ дар рӯдхонаҳои фаромарзӣ ахиран ҷанбаи сиёсӣ касб кардааст ва бидуни мувофиқаи тарафҳо сармоягузории тарҳҳои энержӣ имкон надорад. Вазорати умури хориҷаи Олмон, ба гуфтаи ӯ, бар асоси як тарҳ мехоҳад, кишварҳои Осиёи марказиро сари як миз ҷиҳати гуфтугӯ ҷамъ оварда, баҳсҳои мухолифатомези онҳоро рӯи истифодаи захоири обии минтақа ҳал кунад.
XS
SM
MD
LG