Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаяҷони мухлисони дастаи футболи Русия


Садҳо ҳазор нафар аз шаҳрвандони Русия шаби гузашта дар кӯчаву хиёбон аз пирӯзии дастаи миллии футболи Русия дар бозиҳои қаҳрамонии футболи Аврупо таҷлил карданд. Ин даста бо ҳисоби се бар як бар тими Нидерланд ғолиб омад ва аввалин бор дастаи Русия ба бозии ниманиҳоии сабқати футболи Аврупо роҳ ёфт.

Президенти Русия, Дмитрий Медведев ин пирӯзиро ба бозингарони дастаи милли Русия таърик гуфт ва онро мӯъҷизаосо номид.

Нидои Медведев дар сартосари Русия аз тарафи ҳаводорони дастаи миллии ин кишвар акси садо ёфт. Одамон дар кӯча ҳамдигарро оғӯш мекарданд, мушак сар медоданд ва нидоҳои хурсандию ожир ё буқи мошинҳо ба ҳаво мепечид.

Чунин шодмониҳо дар дигар шаҳрҳои Русия низ ба амал омад. Аммо дар бархе аз маҳалҳо изҳори хурсандии мастона ба фоҷиаҳо гароид. Чунончи дар Маскав дастикам ду нафар кушта ва се тан захмӣ шуданд. Дар Калининград низ се ҷавон аз болои мошини обпошак фурӯ афтода, маҷрӯҳ ва ба бемористон интиқол дода шуданд.

Дастаи Русия аз аввал ташаббусро ба даст гирифта, бо ҳисоби як бар сифр бо голи задаи Роман Павлюченко пешсаф буд ва танҳо дар дақиқаи 86-ум Руд ван Нистелру ҳисобро баробар кард. Дмитрий Торбински ва Андрей Аршавин дар фосилаи панҷ дақиқа аз ҳам дар нимаи дувуми вақти иловагӣ ҳисобро афзоиш доданд ва се бар як Русия ғолиб омад.

Русия бозиҳои Евро-2008-ро бо шикасти 4:1 аз Испониё оғоз кард, аммо пас аз пирӯзиҳо бар Юнон (1:0) ва Свед (2:0) нафаси дубора ёфт.

Имрӯз, дар охирин рақобати чаҳорякниҳоӣ, Испониё бо Итолиё қувваозмоӣ мекунанд ва барандаи ин бозӣ рӯзи 26 июн бо Русия дасту панҷа нарм хоҳад кард.

Олмон ва Туркия аввалин бозии ниманиҳоиро рӯзи 25 июн барпо хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG