Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

EURO-2008: роҳёбии пешазмуҳлати 5 даста ба чаҳорякфинал


Лаҳзае аз бозии Ҳулланд (с) ва Фаронса
Лаҳзае аз бозии Ҳулланд (с) ва Фаронса

Дар Австрия ва Швейтсария даври ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Аврупо-2008 ҷараён дорад.

То имрӯз, як давр қабл аз анҷоми сабқатҳои гурӯҳӣ, 5 даста – Португалия, Хорватия, Ҳуланд, Испания ва Туркия - ба бозиҳои чаҳорякниҳоии мусобиқот роҳ ёфтанд.
Дастаи миллии Португалия, бо вуҷуди онки дар даври севум аз тими Швейтсария бо ҳисоби 0:2 шикаст хӯрд, бо 6 имтиёз ва таносуби 5 – 3-и тӯбҳо дар гурӯҳи «А» мақоми аввалро касб кард. Дар ин гурӯҳ Туркия, ки дар дидор бо Чехия бо ҳисоби 3:2 ғолиб омад, бо 6 имтиёз (5 – 5) дар мақоми дувум мустақар шуд. Швейтсария (3 – 3) ва Чехия (4 – 6) бо 3-имтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои севуму чаҳорум ҷойгир шуданд ва аз ҳаққи идомаи мубориза барои Ҷоми Аврупо маҳрум гардиданд.
Дар гурӯҳи «В» феълан Хорватия бо 6 имтиёз (3 – 1) пешсаф аст. Олмон 3 имтиёз (3 – 2), Австрия (1 – 2) ва Лаҳистон (1 – 3) 1-имтиёзӣ гирифтаанд. 16-уми июн дар даври дувум Австрия ва Олмон, Лаҳистон ва Хорватия бо ҳам рақобат мекунанд. Шонси Олмон барои ба даври баъдӣ роҳ ёфтан хубтар аст. Австрия ва Лаҳистон низ имкони ба чаҳорякфинал баромаданро аз даст надодаанд.
Испаниҳо голи навбатиро ба дарвозаи Русия ворид мекунанд
Дар гурӯҳи «С» пас аз ду давр Ҳуланд бо 6 имтиёз (7 – 1) дар ҷои аввал аст ва новобаста аз натиҷаи бозии охиринаш дар садри ҷадвал боқӣ хоҳад монд. Руминия 2 имтиёз (1–-1) дорад. Фаронса ва Италия якимтиёзӣ ба даст овардаанд ва таносуби тӯбҳояшон низ мушобеҳ (1–-4) аст. Ҳарсе барои роҳхати дувум аз гурӯҳ талош хоҳанд кард. Бозиҳои даври севуми ин гурӯҳ 17-уми июн байни Ҳуланду Руминия ва Фаронсаву Италия баргузор мешаванд.
Дар гурӯҳи «D» Испания бо 6 имтиёз (6 – 2) дар ҷои аввал мебошад. Шветсия (3-4) ва Русия (2 – 4) бо 3-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои дувуму севум қарор доранд. Юнон ягон хол надорад ва сарфи назар аз натиҷаи бозии охиринаш бо Испания (18-уми июн) аз ҳаққи ширкат дар даври баъдӣ маҳрум шудааст. Тақдири роҳхати дувум 18-уми июн дар бозии байни Русия ва Суэд (Шветсия) ҳал хоҳад шуд.
Бад-ин тартиб, аз 31 бозии даври ниҳоии Ҷоми Аврупо-2008 то имрӯз 18 бозӣ баргузор шуд. Футболбозон ҳамагӣ 46 гол ба самар расондаанд. Давид Вилля (Испания) бо 4 гол алъон беҳтарин нишонзани мусобиқот ба шумор меравад.
Бар асоси низомномаи мусобиқот, аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба бозиҳои чаҳорякниҳоӣ (19 – 22-вуми июн) роҳ меёбанд. Дар ин давр дастаи мунтахаби Португалия бо дастаи дувуми гурӯҳи «В», Туркия бо ғолиби гурӯҳи «В», Ҳуланд бо дастаи дувуми гурӯҳи «D» ва ғолиби гурӯҳи «D» бо дастаи дувуми гурӯҳи «С» рақобат мекунанд.
Бозиҳои ниманиҳоӣ рӯзҳои 25-ум ва 26-уми июн сурат мегиранд. Бозии ниҳоии Ҷоми Аврупо-2008 29-уми июн дар варзишгоҳи Эрнст-Ҳаппели шаҳри Вена, пойтахти Австрия, баргузор хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG