Пайвандҳои дастрасӣ

Бозиҳои даври 5-уми сабқати интихобии Ҷоми ҷаҳон-2010 бо ширкати 20 дастаи мунтахаби миллии қорраи Осиё дар 5 гурӯҳ баргузор шуданд.

Дар гурӯҳи аввал Австралия бар Қатар бо ҳисоби 3:1 ва Ироқ бар Чин бо натиҷаи 2:1 ғалаба карданд. Дар ин гурӯҳ Австралия бо 10 имтиёз дар ҷои аввал, Ироқ ва Қатар бо 7-имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои дувуму севум қарор доранд.
Дар гурӯҳи 2-вум Жопун бар Тайланд бо ҳисоби 3:0 пирӯз гардид. Вале дар рақобати Баҳрайн ва Уммон ғолиб муайян нашуд – 1:1. Дар ин гурӯҳ Баҳрайн бо 11 имтиёз дар зинаи аввал ва Жопун бо 10 имтиёз дар зинаи дувум ҷойгир шудаанд.
Дар гурӯҳи 3-вум Куриёи ҷанубӣ бар Туркманистон бо ҳисоби 3:1 ва Куриёи шимолӣ бар Урдун бо ҳисоби 2:0 ғолиб омаданд. Дар ин гурӯҳ дастаҳои Куриёи ҷанубӣ ва Куриёи шимолӣ бо 11-имтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои якуму дувумро касб кардаанд.
Дар гурӯҳи 4-ум Узбакистон бар Лубнон бо ҳисоби 3:0 ва Арабистони саъудӣ бар Сингапур бо ҳисоби 2:0 дастболо шуданд. Дар ин гурӯҳ Узбакистон бо 15 имтиёз дар ҷои аввал ва Арабистони саъудӣ бо 12 имтиёз дар ҷои дувум қарор доранд.
Дар гурӯҳи 5-ум Эрон Сурияро бо натиҷаи 2:0 ва Аморати Муттаҳидаи Араб дастаи Кувайтро бо ҳисоби 3:2 мағлуб намуданд. Феълан Эрон бо 9 имтиёз дар ин гурӯҳ дар ҷои аввал аст. АМА 8 имтиёз ва Сурия 5 имтиёз ба даст овардаанд.
Бад-ин тартиб, баъди Узбакистон боз 7 дастаи миллӣ - Австралия, Баҳрайн, Жопун, Куриёи ҷанубӣ, Куриёи шимолӣ, Арабистони саъудӣ ва Эрон ба даври баъдӣ роҳ ёфтанд. Ин дастаҳо муборизаро барои дарёфти роҳхатҳо ба Ҷоми ҷаҳон-2010, ки дар Африқои ҷанубӣ баргузор хоҳад шуд, идома медиҳанд. Ду роҳхати дигар дар гурӯҳҳои 1-ум ва 5-ум 22-вуми июн дар даври 6-ум муайян хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG