Пайвандҳои дастрасӣ

Субҳи имрӯз, 13-уми июн, беш аз 200 нафар соҳибкори шаҳри Душанбе дар назди бинои Кумитаи андози Тоҷикистон ҷамъ омаданд.

Сипас бо пешниҳоди раҳбарияти кумита онҳо вориди толори маҷлисгоҳи кумита шуда ҳудуди 3 соат бо намояндагони Кумитаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (КАҶТ) мулоқот карданд. Дар рафти мулоқот Нусратулло Давлатов ва Бахтиёр Султонов, ҷонишинони раиси КАҶТ, кӯшиш карданд, ки муҳтавои асосии тағйироти аз 1-уми июл ба Ойинномаи андози Тоҷикистон воридшавандаро ба соҳибкорони ҷамъомада фаҳмонанд.
Дар навбати худ, соҳибкорони марказҳои савдо ва бозорҳои пойтахт аз бесарусомонӣ ва беадолатиҳои, ба бовари онҳо, дар соҳаи андоз ҷойдошта шикоятҳои мушаххас карданд.

Раҳбарияти кумита тасмим гирифт, ки арзу шикоят ва пешниҳодҳои соҳибкорони шаҳри Душанберо гурӯҳбандӣ намуда, ҷиҳати баррасӣ ба Вазорати молия ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG