Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Баррасии ояндаи Афғонистон


Аз рост -- президенти Афғонистон Ҳомид Карзай ва вазири умури хориҷии ӯ Рангин Додфар Спанта дар конфаронси Порис, 12 июни соли 2008.

Аз рост -- президенти Афғонистон Ҳомид Карзай ва вазири умури хориҷии ӯ Рангин Додфар Спанта дар конфаронси Порис, 12 июни соли 2008.

Дар пайванд бо конфаронси кишвар ва созмонҳои мададрасони Афғонистон дар Порис нашрияҳои бонуфузи ҷаҳон ояндаи Афғонистонро ҳадс мезананд.

Имрӯз ва фардои Афғонистон бо ҷуфти дигаре пайванд гирифтааст, ки яке нек ва дигаре бад аст. Ва ҳам бо ҷуфти савуми мафҳумҳо, монанди пирӯзӣ ва шикаст низ.

Манзур, бархе аз таҳлилгарон имрӯз ва ояндаи Афғонистонро нек мебинанд, бархи дигар, тақрибан 50 дарсади онҳо имрӯзро ҳам бад ва фардоро низ бад меноманд ва ин ду тараф, яке амалкардҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар Афғонистон пирӯзӣ ва дигаре шикаст унвон мекунад.

Анатол Левин дар "Financial Times" менависад, мақомоти Ғарб ҳарчанд расман ба забон намеоранд, дар сӯҳбатҳои хусусӣ шикасти ҷомеаи ҷаҳонӣ дар Афғонистонро эътироф мекунанд. Онҳо мегӯянд, тақрибан ҳамаи кӯмакҳо ба ҳукумати Ҳомид Карзай дар роҳи бунёди як ҷомеаи демократӣ дар Афғонистон бенатиҷа будаанд ва ҳатто худи Карзай низ ба сиёсатҳои ҳаётан муҳими Ғарб вето мегузорад.

Бо чунин суръати кор, менависад "Financial Times", зарур аст, ки нерӯҳои эътилофӣ дар Афғонистон боз чанд даҳсолаи дигар боқӣ бимонанд. Аммо касе тазмин намедиҳад, ки ба зудӣ дапр кишварҳои Ғарб норозигии интихобкунандагон аз амалкарди давлатҳои худ дар Афғонистон ба миён наояд. Ба ақидаи ин нашрия, ба хотири он ки кор то ба он ҷо накашад, беҳтар аст, ки Ғарб мақсади аввалан эълоншудаи худро дар Афғонистон иҷро кунад ва нерӯҳояшро аз ин кишвар барорад. Нашрия ёдовар мешавад, ки нерӯҳои эътилофӣ на барои бунёди ҷомеаи демократӣ ба Афғонистон ворид шуданд ва ҳатто на барои барканор кардани Толибон, балки барои қатли Усома бин Лодин ва мулло Умар дар ҷавоб ба ҳамлаҳои террористии 11-уми сентябр.

Бисёре аз ҳукуматдорони ғарбӣ, ба навиштаи Левин, дар сӯҳбатҳои хосса мегӯянд, орзуи эҷоди Афғонистони демократӣ кайҳо мурдааст ва қонеъ хоҳанд буд, агар дар ин кишвар як низоми нисбатан мӯътадил ё ҳатто диктотурии ҳарбӣ реша бигирад. Муаллиф аз қавли онҳо менависад, ба хотири рафъи рӯҳияи шикаст, эътилофи байнулмилалӣ бояд бен Лодинро пайдо ва нобуд карда, бо нидои пирӯзӣ аз Афғонистон хориҷ шавад. Аммо ҳамзамон барои пешгирӣ аз ҷанги нави шаҳрвандӣ дар Афғонистон бояд кишварҳои ҳамсоя ва қудратҳои минтақаӣ, монанди Эрону Покистон, Русия, Ҳинд ва Чинро ба нақшаҳои ояндаи Афғонистон ба таври пурра шарик сохт.

Ба фарқ аз ин назари нохушбинона, "Wall Street Journal" аз дастовардҳои чашмгири солҳои ахири Афғонистон ҳикоят мекунад. Чунончи, даромади нохолиси миллӣ бар ҳар сари аҳолӣ дар ин кишвар аз соли 2001 то имрӯз 70 дарсад зиёд шуда, маргумири кӯдаку модар дар ин давра 25 дарсад коҳиш ёфтааст. Агар дар соли 2001 танҳо 8 дарсади аҳолӣ ба хадамоти тандурустӣ дастрасӣ дошт, ҳоло ба 85 дарсади аҳолӣ хадамоти тиббӣ расонда мешавад. Рӯзнома аз чандин барномаҳои бузурги иқтисодӣ ва иҷтимоии Афғонистон ситоиш мекунад ва менависад, ҷомеаи ҷаҳонӣ бояд ба мардуми Афғонистон тазмин диҳад, ки то охир ҳамроҳи онҳо хоҳад монд ва як Афғонистони озоду пешрафта ва демократӣ хоҳад сохт.

Дар ҳоле ки бархе аз нашрияҳои дигар бидуни ифроту тафрит аз воқеъияти имрӯзаи Афғонистон ҳикоят мекунанд, матлаби "Wall Street Journal" шояд камтар мавриди таваҷҷӯҳ қарор мегирад, зеро ба қалами Лора Буш, ҳамсари президенти Амрико Ҷорҷ Буш тааллуқ дорад. Аммо камбуди нисбии бетарафии муаллифро чизи дигаре ба тавозун меорад, ки хонуми Буш бештар аз рӯи дидаҳои бевоситаи худ дар ҷараёни сафари ахираш ба деҳоти Афғонистон натиҷагирӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG