Пайвандҳои дастрасӣ

Барномаи стратегии рушди иқтисод қабул шуд



Мирзои Салимпур



Ҳукумати Тоҷикистон 25 феврал Барномаи стратегии рушди иқтисоди ин кишварро барои 11 соли оянда қабул кард. Бар асоси барнома, маҷмуъи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон қарор аст, то соли 2015 чор маротиба афзуда, ба 6 миллиард доллар баробар шавад.

Тавлидоти пахтаи Тоҷикистон дар ин муддат бояд ба 830 000 тонна афзуда шавад. Ҳосили солонаи гандум, ки феълан тақрибан 900 000 тоннаро ташкил медиҳад, тибқи ин барномаи давлатӣ, дар соли 2015 ба якуним милён тонна расонида хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG