Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Агар милиса мехост, қотилонро ҳабс мекард



Салими Аюбзод

Қотилони Хуршеда баъди дар хун нишондани ҷисми кӯдак бо корду занҷир ва калтакҳои оҳании худ дар майдони Сенная ҷамъ омаданд ва бо нидоҳои фашистона дар хиёбони ба номи Маскав қадамзанӣ карданд.

Як корманди шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Адмиролтейск дар шаҳри Санкт Петербург гуфтааст, агар амалиёти милиса дар боздошти қотилони духтарчаи нӯҳсолаи тоҷик чанд дақиқа зудтар шурӯъ мешуд, ҷинояткорон ҳатман ба даст меафтоданд. Навбатдорони милиса дар ин шӯъба ба хабарнигори Независимая газета гуфтаанд, бо сабаби сардаргумиҳо милиса танҳо баъд аз 20 дақиқа ба ҷойи ҳодиса расида, минтақаро дар муҳосира гирифт. Барои муқойиса мошини Ёрии таъҷилӣ пас аз 9 дақиқа ба ҷои воқеъа расида буд.

Шоҳидони ҳодиса ва раҳгузарон гуфтаанд, милиса нахостааст аз пайи одамкушон афтад. Зеро, ба гуфтаи онҳо қотилони Хуршеда баъд аз латукӯби ӯ, падараш Юсуф Султонов ва хоҳарзодаи Юсуф Акобир бо корду занҷир ва калтакҳои оҳанӣ ба ҳавлии биноҳои атроф парешон шуда, баъд аз мӯҳлати кӯтоҳ дар майдони Сенная ҷамъ омаданд ва бо нидоҳои фашистона дар хиёбони ба номи Маскав қадамзанӣ карданд. Дертар, гуфта мешавад, ин гурӯҳро бо ҳамон занҷиру корд ва калтакҳо дар вокзали Болтик дидаанд, ки бо нӯшонӯш машғул буданд, вале милиса онҳоро боздошт накардааст. Ба гуфтаи сокинони хонаҳои атроф, сеюмин бор аст, ки дар ҳамин кӯчаи Бойтсов намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз кушта мешаванд ва деворҳои чандин бино пур аз шиъорҳои нажодпарастона аст.

Дар ҳоле ки кормандони милиса ба таври ғайрирасмӣ кори дасти скинҳед ва ё пӯстсарҳо будани куштори духтарчаи нӯҳсолаи тоҷикро иқрор мекунанд, раҳбарияти милисаи шаҳри Петербург намехоҳад, ин ҷиноятро ба сартарошидаҳо нисбат диҳад. Кӯшиш ба кор меравад, ки ҳодиса кори дасти наврасон сархуш шумурда шавад. Вале хабарнигорони рӯзномаи Московский комсомолетс менависанд, дар ҳамон рӯзи куштор додгоҳи Санкт Петербург парвандаи гурӯҳи пӯстсарҳои Шултс 88-ро баррасӣ мекард. 88 рамзи Ҳайл Ҳитлерро дорад, ки ҳарфи эйч дар алифбои лотинӣ ҳаштум аст. Додгоҳ масъалаи пеш аз мӯҳлат озод кардани яке аз сарварони ин гурӯҳро баррасӣ мекард ва қариб буд, онро ба таври мусбат ҳал кунад. Аммо ҳукми қаблӣ боқӣ монд ва пӯстсарҳо аз қарори суд хашмгин шуда ба шикор баромадаанд.

Нашрияҳои русӣ ҳашт ҳодисаи ҳамлаи скинҳедҳоро дар Петербург мисол овардаанд, ки бар асари онҳо 5 кас кушта шудаанд. Аз ҷумла як духтарчаи ҳафтсолаи хонаводаи ҷӯгиҳо аз Тоҷикистон, ду озарӣ ва як ноной, аз халқиятҳои шимоли Русия. Дар аксари ҳолатҳо парванда то додгоҳ нарасидааст.

XS
SM
MD
LG