Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қарордоди сохтмони пули Ому имзо шуд



Мирзои Салимпур



Бино ба иттиллои дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, 10 январ дар ин вазорат расми имзои қарордоди сохтмони як пули байналмиллалӣ дар Панҷи поён, дар байни Тоҷикистону Афғонистон доир шуд. Ҳуснияи Қудрат - ёвари сафири Афғонистон дар Тоҷикистон гуфт ин созишнома аз ҷониби Тоҷикистон вазири нақлиёти ин кишвар, Абдуҷалол Салимов ва аз суи Афғонистон сафири ин кишвар дар Тоҷикистон Муҳаммад Довуди Панҷшерӣ имзо гузоштанд.

Ин пул бо сармояи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бунёд мешавад. Алмос Сайфуддинов - сухангуи сафорати Амрико дар Тоҷикистон - дар робита ба мавзуъ ба Радиои Озодӣ гуфт, гуруҳи муҳандисони роҳсоз аз Амрико ба Тоҷикистон омада буданд ва ҷиҳатҳои ҷойгиршавии ин пулро санҷиданд ва барои сохтани пул дар боло дарёи Панҷ иҷозат доданд.

Пули Панҷи поён дар пайвастани Тоҷикистон ба кишварҳои дигар ва густариши ҳамкориҳои тиҷоратӣ ва иқтисодии он бо мамолики хориҷ нақши чашмрас дошта метавонад. Сохтмони пули Панҷи поён бо ибтикор ва ҳамкории Амрико, Тоҷикистон, Афғонистон, Норвегия ва дигар кишварҳои минтақа ба роҳ монда мешавад. Тибқи иттилоъи сафорати Амрико дар Тоҷикистон, қарор аст, сохтмони пули мазбур моҳҳои наздик шуруъ шавад ва дар назар аст, дар зарфи 18 моҳ ба анҷом расад.

XS
SM
MD
LG