Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳукумати Душанбе ба бесарпаноҳон хона дод



Мирзонабии Холиқзод



Ҳукумати шаҳри Душанбе 25 хонаводаи бесарпаноҳмондаро дар маҳаллаи Зарафшон, ғарби пойтахт бо манзили зист таъмин намуд. Дар авоили моҳи январ ҳукумати пойтахти Тоҷикистон бинобар осебпазирии бинои 104-ум дар хиёбони Айнӣ, истиқоматкунандагони он наздик ба 100 нафарро иҷборан ба кудакистонҳо куч дода буд.

Масъули дафтари матбуоти шаҳрдорӣ, Шавкат Саидов, 4 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, дар бинои бисёрошёна афроде, ки дар манзили пешин дар хонаи сеутоқа зиндагӣ мекарданд, бо хонаҳои сеутоқа ва афроде, ки дар хонаи ду утоқа ба сар мебурд, бо ҳамин шароит таъмин карда шуданд.

Яке аз маскунони ин манзил гуфт, пас аз як моҳи оворагӣ ва сарсонӣ ва зистан дар шароити номусоиди кудакистонҳо соҳиби хонаҳои хушсохти замонавӣ гаштанд. Дар ҳамин ҳол тибқи иттилоъи дафтари матбуоти ҳукумати шаҳри Душанбе, сар аз моҳи феврал то поёни соли равон ба маоши кормандони соҳаи тибби пойтахт аз ҳисоби буҷаи шаҳрдорӣ, ба андозаи 7 сомонӣ иловапулӣ изофа карда мешавад. Ин иқдом ба манзури боло бурдани сатҳи беҳдоштӣ ва беҳдорӣ дар пойтахт пиёда карда шудааст.

XS
SM
MD
LG