Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арзиши доллар дар Душанбе поён рафт ва



Сафаргул Олимӣ



Рузи душанбе, 26 январ дар пойтахти Тоҷикистон бино бар поён фаромадани қурби доллар дар баробари сомонӣ ва арзҳои дигар аксари нуқтаҳои мубодилаи арз дари худро ба руи харидорон баста буданд ва аз фурухтани доллар худдорӣ мекарданд.

Арзиши як доллар дар маркази пойтахт 2 сомониву 70 дирам ва дар бозорҳои дур аз марказ, ба монанди бозори Корвон саховат Гипрозем ва ғайра ба 2 сомониву 60 ва ба 2 сомониву 65 дирам фурухта мешуд. Вале кормандони нуқтаҳои мубодилаи мегуфтанд, ки доллар надоранд.Аммо Бонки Миллӣ, ки нархи долларро барои аксари нуқтаҳои мубодилаи арз таъйин мекунад низ, аз шарҳи вазъи ба амаломада худдорӣ кард.

Аскар Нуралиев - корманди департаменти нархгузории вазорати иқтисод ва савдои Тоҷикистон - дар робита ба ин масъала гуфт, ба ин шакл поён рафтани арзиши доллар бастагӣ ба вазъи доллар дар кишварҳои ғарб дорад. Ба назари у, доллар дар кишварҳои ғарб дар баробари евро поин рафтааст ва зери таъсири ин раванд акнун арзиши доллар дар Тоҷикистон низ дар ҳоли поёнравист.

XS
SM
MD
LG