Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Насиҳати Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ба фармондеҳони собиқи мухолифин



Раҳматкарими Давлат

Чанде аз ин фармондеҳони норозӣ аз ҳукумат дар садади таъсиси як ташаккули сиёсӣ ҳастанд.

Саид Абдуллоҳи Нурӣ - собиқ фармондеҳи олии нируҳои мухолифини пешин - иқдоми Муҳаммадрузӣ Искандаров ва Саламшоҳ Муҳаббатов, ду тан аз фармондеҳони аршади неруҳои мусаллаҳи мухолифини пешини давлати Тоҷикистон ҷиҳати омодагиашон барои таъсиси ташаккули сиёсии фармондеҳони собиқро як ҳаққи мусаллами онҳо донист, вале афзуд, ин иқдомот бояд дар чаҳорчуби қонун ва бо роҳҳои сиёсӣ сурат бигирад, то мунҷар ба хушунат нашавад.

Оқои Нурӣ афзуд, барои аз роҳи мусолиматомез ҳал намудани ин масоил бояд қабл аз ҳама худи ҳукумати кишвар манфиатдор бошад ва талош кунад: "Ҳар кас аз гуруҳҳои Тоҷикистон, ҳар як гуруҳ ҷамъ шуда, кадом иттиҳодияе барои ҳифзи ҳуқуқи худ ва мақсадҳои худ ҷамъ шаванд, ҳар кор тибқи қонун мумкин аст. Бо ҳам бишинанду масъаларо бо роҳи худӣ бо машварати дохилӣ ҳал кунанд, хубтар аст. Вале агар аз тарафи давлат ҳозир нестанд ба чунин машваратҳо, ман ба намояндагони собиқи оппозитсия насиҳат мекунам, ки ҳеҷ вақт ба қонуншиканӣ роҳ надиҳанд ва ҳар фаъолияти сиёсиву фарҳангиро дар дар чаҳорчубаи қонун анҷом диҳанд. Ҳеҷ вақт ба хушунат роҳ надиҳанд, даври ҳам ҷамъ шаванд ва проблемаро бо роҳи машваратҳо, бо роҳи ҳамчун бародар, ҳамчун тоҷик ҳал кунанд ва нагузоранд, ки дар ин кишвар хушунате сар занад."

Оқои Нурӣ ба қазияи маҳкумияти Шамсиддин Шамсиддинов, муовини раиси Ҳизби Наҳзати Исломи Тоҷикистон, ишора кард ва афзуд, дар воқеъ ахиран мавридҳои таъқиби мухолифини пешин барои гуноҳҳои афвшуда мушоҳида мешавад, ки таъбан ба манифати беҳбуди вазъ ва тақвияти раванди таҳкими сулҳ ва ниҳодина ва мантиқӣ шудани ин ҷараён нест. Ва аз ин ҷиҳат нигаронии фармондеҳони собиқ ба гуфтаи оқои Нурӣ, қобили дарк аст. У мегуяд, агар ба ин сурат вазъият идома пайдо кунад, имкони таҳти пайгард қарор гирифтани шахси худашро низ истисно намекунад: "Баъзе саҳву хатоҳое, ки масалан Маҳмадрузӣ ё Салам кардаанд, дигарҳо даҳ баробар кардаанд, ҳанузам мекунанд, вале онҳо ҳеҷ таъқибу таҳқир намешаванд. Ман фикр мекунам, ки инро бояд ислоҳ кард. Имруз мебинем, ки як одами бегуноҳро мегиранду мегуянд, ки марзро гузаштӣ ва ҳабсаш мекунанд. Ту дар он вақтҳо гуруҳи ҷиноятӣ ташкил кардӣ, ҳабсаш мекунанд. Агар он одамҳое, ки ин корро кардаст ва ё накардаст, дар як сатҳи паст будааст, ман дар сатҳи хеле баланд кардам. Ман вақташ фармондеҳ будам, 7-7,5 ҳазор сарбоз зери дастури ман буд, яъне фаҳмида мешавад, ман ҳам авфшуда нестам, ман ҳам муваққат ҳастам. Аслан ин фитнаро ҳар касе андохтаст, бар зидди худи президент Раҳмонов андохтааст."

Аммо Муҳаммадрузӣ Искандаров - раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон - ва Саламшоҳ Муҳаббатов аз мухолифини собиқи ҳукумат рузи гузашта изҳор карда буданд, ки ба манзури ҳимоят аз раванди сулҳ ва амалкарди ҳукумат дар ҷиҳати тааҳуддоти Созишномаи сулҳ як шурои сиёсии фармондеҳони собиқро даъват ва зимни он ба унвони кишварҳои кафили сулҳ як баёния содир хоҳанд кард.

Зимни ин баёния онҳо қасд доранд, аз иҷро нашудани маводи созишнома ва таъқиби мухолифини собиқ изҳори нигаронӣ ва даъвати мусоидат барои ҳалли онро кунунд. Муҳаммадрузӣ Искандаров: "Изҳороте, ки мо нияти пахш кардан дорем, давъат аз кишварҳои кафил мешавад, даъват аз Созмони Миллали Муттаҳид мешавад, баъд аз аҳзоби сиёсии Тоҷикистон, ки мухолифи ҳукумат ҳастанд, давъат мешавад, ки фаъол бошанд ва аз мардуми Тоҷикистон давъат мекунем, ки ҳушёр бошанд ва тақдири худшона ба дасти худ ҳал кунанд, на ба як гуруҳи кучаки Тоҷикистон тақдири худро супоранд. Иштибоҳи ин ҳукумат он аст, ки такя ба кадрҳои як қавм мекунад ва аз мутахассисони барҷастаи Тоҷикистон, ки фикр мекунам, метавонанд, қазияи Тоҷикистонро беҳтару хубтар ҳал кунанд, сарфи назар мешаванд."

Дар ҳамин ҳол додситони кулли Тоҷикистон Бобоҷон Бобохонов рузи душанбе, 26 январ ба Радиои Озодӣ гуфт, нисбати мухолифини пешини давлат ва аз ҷумла Муҳаммадрузӣ Искандаров ва Саламшоҳ Муҳаббатов ҳеҷ гуна таъқиб сурат нагирифта ва онҳо таҳти пайгарди қонун қарор надоранд. Ин дар ҳолест, ки мақомоти сиёсии кишвар аз шарҳи иқдоми фармондеҳони собиқ ва раисони собиқи идораҳои нафту гази Тоҷикистон, худдорӣ карданд.

Аммо ба назари бархе аз коршиносон, бистари сиёсӣ дар шароити феълӣ барои таҳаққуқи аҳдофи фармондеҳони собиқ муносиб ба назар намерасад. Бар иловаи ин ба назари Нуралӣ Давлатов, коршиноси тоҷик, фармондеҳони пешин пойгоҳи иҷтимоии худро аз даст додаанд: "Шояд кишварҳои кафили сулҳе, ки дар раванди сулҳи Тоҷикистон ширкат доштанд ва то андозае аз сулҳи пойдор дар Тоҷикистон манфиатдор набуданд ва манфиатдор нестанд, шояд ин кишварҳо пуштибонӣ кунанд, аммо онҳо дар сурате пуштибонӣ мекунанд, ки агар донанд ин пешвоёни сиёсӣ такягоҳи иҷтимоӣ дар кишвар доранд. Аммо мардум имруз барои манфиатҳои як нафар пуштибони касе намешавад."

Аммо ба ҳар сурат мегуяд оқои Давлатов, ин як мушкили умдаи ҷомеа ва қабл аз ҳама барои ҳукумати Тоҷикистон боқӣ мемонад. Хусусан дар ҳоле, ки ҳар рузи мегузашта Тоҷикистонро ба интихоботҳо наздиктар мебарад, афзудани шумори мухолифини давлат ба нафъи ҳукумати Раҳмонов анҷом нахоҳад шуд.

Дар ҳамин ҳол яке дигар аз фармондеҳи аршади мухолифони пешин, ки дар сафи артиши Тоҷикистон адои вазифа мекунад ва нахост номаш бурда шавад, гуфт, тақрибан ҳар руз у ва ҳамроҳонаш аз ҷониби додситонӣ бозпурсӣ мешаванд ва суоли додситонӣ ба онҳо ин аст, ки оё дар ҷараёни ҷанг касеро куштаанд ё не. Ин фармондеҳ мегуяд, ман тири бисёре парондаам, вале дар майдони ҷанг ба синаи кӣ хурдани онро танҳо худост, ки медонад.

XS
SM
MD
LG