Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳмонов бо Норберт Баас мулоқот кард



Сафаргул Олимӣ



Рушди ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Олмон дар бахши амният, марз ва иқтисодиёт, вазъи амниятӣ дар Афғонистон аз мавзуҳои аслии мулоқоти Норберт Баас - вакили ҳукумати Олмони Федеролӣ дар умури Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дар бо раҳбарони Тоҷикистон будааст. Рузи ҷумъа, 23 январ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов Норберт Баасро ба ҳузур пазируфт.

Оқои Баас пас аз анҷоми ин мулоқот ба хабарнигорон гуфт: "Мо дар мулоқоте, ки бо президенти Тоҷикистон доштем, аслан масоили ҳамкориҳои муфиди минбаъда дар самтҳои гуногун ба монанди масъалаҳои минтақавӣ, марзӣ ва низ иқтисодиву иҷтимоиро баррасӣ кардем. Мо ҳамчунин дар масъалаҳое, ки хусусиёти байнамиллалӣ доранд, суҳбат доштем, аз ҷумла дар бораи вазъи кишвари Афғонистон ва муносибати ҳукумати Тоҷикистон ба вазъи кунунии ин кишвар.

Бо назардошти вазъи Афғонистон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов аз афзоиши қочоқи маводи мухаддир дар он кишвар изҳори ташвиш намуд ва афзуд, ки Эътилофи зиддитерор дар Афғонистон таъсири муассире дар роҳи ҷилавгирӣ аз фаъол гаштани наркобаронҳо ва кишти хашхош надоштааст.

Норберт Баас дар ҷараёни сафари худ бо намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон мулоқот анҷом додааст. Вай мегуяд: "Тоҷикистон, ки тавонистааст, бо оппозитсияи пешини худ бахусус бо Ҳизби Наҳзати Ислом муросо кунад ва барои пешрафти сиёсии кишвар ҳамкорӣ кунад, метавонад намунае барои кишварҳои дигар бошад.

Дар роҳи рушди ҳамкории Тоҷикистону Олмон оқои Баас таъкид кард, кишвараш дар соҳаи манобеъи барқии Тоҷикистон, корҳои иктишофии маъодин ва истеҳсоли пахтаи Тоҷикистон ҳамкорӣ хоҳад кард. Ба ин муносибат интизор меравад, дар моҳи марти соли равон як ҳайъати олмонӣ ба Тоҷикистон ташриф орад.

XS
SM
MD
LG