Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се эрониву ду афғонро дастгир карданд



Абдуқайюми Қайюмзод



Марзбонони Русия, ки аз марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон ҳимоят мекунанд, панҷ нафар атбои хориҷиро ба ҳангоми убури ғайриқонунии марз бо асноди тақаллубӣ боздошт кардаанд.

Александр Кондартев - сухангуи Неруҳои марзбонии Русия мустақар дар Тоҷикистон - дар як суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ ба таъйиди ин хабар афзуд: "Дар гузаргоҳи марзии Панҷи поён ба ҳангоми назорат аз хати марз се нафар шаҳрванди Эронро, ки мехостанд, бо асноди ҷаълӣ аз тариқи марзи Тоҷикистон ба Афғонистон ворид шаванд, боздошт карданд.

Сухангуи Неруҳои марзбони Русия ҳамчунин гуфт, ки сарҳадбонон дар худи ҳамин руз дар минтақаи дигари марзӣ, минтақаи мавсум ба Маскав аз вуруди ғайриқонунии ду шаҳрванди узбактабори Афғонистон ҷилавгирӣ кардаанд.

Александр Кондратев гуфт, ки ҳадафи марзшиканӣ ва дохили хоки Тоҷикистон шудани ин ду шаҳрванди Афғонистон маълум нашудааст. Вале ба ҳангоми боздошт аз онҳо ба ҷуз аз сомони моҳидорӣ, чизе дигар кашф нашудааст ва худи ин афрод низ гуфтанд, ба маҳзи сайди моҳӣ марзро убур кардаанд.

Тибқи иттилоъи сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон, дар ҳоли ҳозир дар маҳбасҳои Тоҷикистон 65 нафар аз атбои ин кишвар бо ҷароими мухталиф, вале умдатан бо иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир ба сар мебаранд.

Аммо сарнавишти се шаҳрванди боздоштшудаи эрониро, ки мехостаанд, бо асноди тақаллубӣ тавассути марзи Тоҷикистон ба Афғонистон бигузаранд, дар вазорати амнияти кишвар муайян хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG