Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Помир-Чақалтой" моли кист?



Раҳматкарими Давлат

Баҳси Тоҷикистону Русия оид ба ин маркази кайҳоншиносии воқеъ дар Куҳистони Бадахшон.

Музокироти Тоҷикистон ва Русия дар мавриди мақоми ҳуқуқии пойгоҳи кайҳоншиносии мавсум ба "Помир-Чақалтой" идома дорад. Ба манзури фаъолсозии дубораи Маркази таҳқиқи нурҳои кайҳонии "Помир" ахиран як ҳайъат аз Фарҳангистони улуми Русия ва вазорати илму фанноварии пешрафтаи он кишвар бо мақомоти Тоҷикистон чанд даври музокироти худро баргузор кард.

Маркази кайҳоншиносии "Помир" дар соли 1973 дар замони шуравии собиқ, дар ноҳияи Мурғоб, дар шарқи куҳистони Помир бунёд шуда буд. Ва акнун фаъол сохтани маркази кайҳоншиносии "Помир" ҷиҳати мусоидат ба пешрафти физикаи назарӣ ва соир улуми дақиқ ва табиатшиносӣ беш аз ҳар вақти дигар аҳамият пайдо кардааст.

Агарчанд баъди пош хурдани Иттиҳоди Шуравӣ мероси давлатии аҳамияти саросаридошта, аз ҷумла пойгоҳҳои низомӣ низ моликияти миллии кишварҳои соҳибистиқлоле, ки дар қаламрави онҳо он моликият вуҷуд дошт, эътироф шуданд, вале ҳукумати вақти Тоҷикистон ризоят дода буд, ки истгоҳи кайҳоншиносии "Помир" ҳамчунон моликияти Русия боқӣ бимонад. Ва Фарҳангистони улуми Русия тули ин ҳама сол масрафи нигаҳдории истгоҳи мазкурро бар душ доштааст, агарчанд истгоҳи номбурда дар ин муддат бо ҳадди аққали имконият кор мекард.

Аммо акнун Тоҷикистон даъво дорад, ки истгоҳи "Помир-Чақалтой" бояд моликияти хоси Тоҷикистон шинохта шавад ва он гоҳ имкон дорад, дар заминаи истгоҳи мазкур пойгоҳи байналмиллалии кайҳоншиносиро таъсис кард.

Андрей Кулагин - муовини вазири саноат ва фанноварии пешрафтаи Русия ва роҳбари ҳайъати Русия дар бораи музокирот бо Тоҷикистон мегуяд: "Тарафи Русия пешниҳод намуд, ки маркази байналмилалии кайҳоншиносӣ дар асоси ҳуқуқи баробари ду кишвар ба он таъсис шавад. Вале ҷониби Тоҷикистон чунин роҳи ҳалли масъаларо барои худ номуносиб мешуморад."

Яъне Русия мехоҳад, бидуни пардохтан ба масъалаи асосӣ, муайян кардани мақоми ҳуқуқии ин пойгоҳ, маркази кайҳоншиносии "Помир"-ро дубора фаъол кунад. Вале Тоҷикистон аввал хостори ба унвони моликияти комили ин кишвар эътироф шудани истгоҳи "Помир" аз ҷониби Русия мебошад.

Дар ҳамин ҳол бархе аз олимони тоҷик мегуянд, ки истгоҳи кайҳоншиносии "Помир" дар ҳақиқат аҳамияти фавқуллода беназир дар пешрафти илми табиатшиносӣ дорад. Ин истгоҳ аз нигоҳи ҷуғрофиёӣ дар мавқеъияти бисёр муносиб дар баландии ҳудуди панҷ ҳазор метр аз сатҳи баҳр бунёд шуда ва то кунун дар саросари дунё танҳо ду намунаи дигар аз чунин истгоҳи пажуҳишӣ вуҷуд дорад.

Дар ҳоле, ки гуфтушуниди мақомоти сиёсии ду кишвар идома дорад, пажуҳишгарони тоҷик мегуянд, муҳим ин аст, ки маркази пажуҳишии мазкур таҳти ҳар шароите фаъол сохта шавад. Оғоназар Ҳақназаров - раиси бахши Фарҳангистони улуми Тоҷикистон дар Помир мегуяд: "Солҳои ахир кори ин марказ суст шуда буд. Аммо гуфтушунидҳои ҳозира ҳам дар бораи барқарор кардани ҳамин марказ аст. Ин кор барои физикияи назариявӣ аҳамияти хеле калон дорад ва ҳам тарафи Русия ва ҳам тарафи Тоҷикистон ба ин кор хеле ҳавасманданд ва ин кор ба манфиати ҳар ду кишвар хизмат хоҳад кард."

Аммо дар ҳоли ҳозир барои Тоҷикистон аҳамияти сиёсии ҳалли ин масъала муҳимтар аз аҳамияти илмии он мебошад. Бо вуҷуди он ки Русия ваъда супурдааст, ки тамомии ҳазинаи фаъолияти истгоҳи "Помир"-ро пардохт карда ва олимони тоҷик низ ба сурати баробар аз дастовардҳои илмии ин марказ метавонанд, истифода кунанд, вале боз ҳам барои Тоҷикистон муҳимтар ҳифзи ҳайсияти давлатии кишвар маълум шудааст. Тоҷикистон ба ин тартиб талош дорад, имкони аздастрафтаро дар тақсими мероси шуравии пешин ҷуброн кунад. Дар сурате, ки Русия дар чанд рузи пеш маркази бузурги кайҳонии Байконурро аз мероси шуравии пешинро барои 50 соли дигар аз Қазоқистон ба иҷора гирифтааст, Тоҷикистон низ ҳаққи соҳибӣ ба мероси шуравии собиқро дар қаламраваш барои худ маҳфуз доштааст.

Дар ҳоли таҳияи ҳамин гузориш бархе аз расонаҳо хабари тавофуқи ду кишвар дар масъалаи тасъсиси истгоҳи байналмиллалии кайҳонишиносиро дар заминаи истгоҳи "Помир" нашр кардаанд. Вале дар ҳукумати Тоҷикистон ва дар вазорати умури хориҷа аз шарҳи ин хабар худдорӣ карданд.

Ба ин тартиб маълум нест, ки ду ҷониб бо фаъол сохтани маркази кайҳоншиносӣ, масъалаи мақоми ҳуқуқии онро низ ҳал кардаанд, ё не ва ё ин марказ ҳамчунон моли Фарҳангистони улуми Русия боқӣ мондааст.

XS
SM
MD
LG