Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳдид танҳо аз маводи мухаддир иборат нест



Мирзои Салимпур



Хабаргузории Франс Пресс навишт, ки ду падида дар Афғонистони ҳамҷавор маҳфилҳои Душанберо дар ҳоли нигаронӣ андохтааст.

Манобеъи Франс Пресс дар Тоҷикистон дар ин робита аз ҷумла ба кушиши мухолифини афғон барои таъсиси пойгоҳҳои худ дар вилоятҳои шимолии Қундузу Тахор ва Бадахшон ишора намуда, ҳамзамон аз афзоиши майдони кишту парвариши маводи мухаддир дар саҳафоти шимоли Афғонистон ибрози нигаронӣ кардаанд.

Манобеъи Франс Пресс мегуянд, чирикиҳои Ҳаракати Исломии Узбакистон, ки Ийолоти Муттаҳида онро дар феҳрасти созмонҳои террористӣ ворид кардааст, пойгоҳҳои худро аз марзи Покистон дубора ба шимоли Афғонистон куч дода, акнун дар садади такмили суфуф ва барангехтани ошубҳои нав дар кишварҳои фақири Осиёи Марказӣ мебошанд.

Афғонистон, бузургтарин тавлидкунандаи афюн дар дунё, ки тавлиди 77 дарсади ҳероини ҷаҳонро низ ба худ ихтисос додааст, ҳамчунон як манбаъи азими қочоқи маводи мухаддир ба бозорҳои Аврупо маҳсуб мешавад ва ба ақидаи манобеъи Франс Пресс, як бахши аъзами ин маводи мухаддир ҳамчунон тавассути қаламрави Тоҷикистон ба ин бозори сиёҳ интиқол меёбад.

Хушнуд Раҳматуллоев, як сухангуи Ожонсии давлатии мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон мегуяд, ахиран дар шимоли Афғонистон на танҳо кишту парвариши кукнор, балки шумораи корхонаҳои тавлидкунандаи ҳероин низ афзудаааст.

Тайи соли гузашта дар марзи байни Тоҷикистону Афғонистон беш аз 5 тоннаву 600 кило аз анвоъи мухталифи маводи мухаддири афғонӣ гирифта шуд, вале ба назари манобеъи ожонсии Франс Пресс, имкон дорад, қочоқи маводи мухаддир тавассути ин марзи 1270-километрӣ дар соли ҷорӣ боз ҳам биафзояд.

XS
SM
MD
LG