Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ТАРМА ЧОР НАФАРРО ДАР ХОРУҒ ҲАЛОК КАРД



Раҳматкарими Давлат



Бар асари бориши сангини барф ва резиши тарма 5 нафар сокини мазеъи Наводаки шаҳри Хоруғ ҷони худро аз даст дода ва чандин тани дигар гирифтори мушкил шудаанд.

Мирзо Зиёев - вазири умури фавқуллодаи Тоҷикистон бо эъломи ин хабар гуфт, ки ҳамчунин хисороте низ ба роҳҳо, шабакаи барқрасонӣ ва мухобироти вилояти Бадахшон ворид шудааст. У мегуяд, гуруҳҳои наҷоти ин вазорат ба амалиёти беруНоварии ҷасадҳо ва кумак ба зарадидагон оғоз кардаанд: "Аллакай ҷасади чор нафар аз зери тарма берун оварда шуд. Кофтуков идома дорад, мо супориш додем, ки гуруҳҳои наҷот на танҳо ба Бадахшон балки ба манотиқи дигар низ фиристода шаванд. Имруз дар минтақаи Роғун низ барфи аз як метр зиёд боридааст, як нафар дар ин ҷо ҳам талафоти ҷонӣ ҳаст. Яъне дар куҳистони Тоҷикистон гуфтан мумкин, ки вазъ ногувор аст."

Ба маълумоти Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон, бориши барф дар Бадахашон аз таърихи 29 декабр шуруъ шуда ва то кунун бо фосилаи як - яку ним руз идома доштааст. Бино ба маълумотҳои мавҷуд, то имруз дар бархе аз манотиқ хусусан дар роҳҳо то 1 метру 30 сантиметр барф боридааст.

Дар ҳамин ҳол ҳукумати Тоҷикистон ҷаласаи изтирорӣ ташкил дода ва масъалаи расонидани кумаки аввалия ба зарадидагон ва рафъи оқибатҳои офати табииро барасӣ кардааст. Абдуфаттоҳ Шарипов сухангуи раисиҷумҳури Тоҷикистон дар ин бора гуфт: "Нахуствазири кишвар ба масъулин супориш дод, ки барои расонидани кумаки аввалия ба мардуми осебдида, ба таври оҷил масъалаи ҷудо кардани маблағро ҳал намоянд."

Ба гуфтаи масъулини созмони ҳавошиносӣ, боридани барф то рузи 13 январ ҳамчунин идома пайдо хоҳад кард. Ба гуфтаи мақомоти вазорати фавқуллодаи Тоҷикистон, маълумоти комил дар бораи вазъи манотиқи дигари ин вилоят ба далели баста шудани роҳҳо ва набудани мухобирот то ҳол вуҷуд надорад.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ки дар бархе дигар аз манотиқи водии Рашт низ бориши барфи зиёд боиси эҷоди мушкилоти рафтуомад ва қатъи воситаҳои иртиботӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG