Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз ҷиҳати озодиҳои иқтисодӣ: ҷойи 146-ум дар байни 161 кишвари ҷаҳон



Салими Аюбзод

Тоҷикистон, Беларус, Ӯзбакистон ва Туркманистон дар гурӯҳи 12 кишвари иқтисодиёташон таҳти зарба номбар шуданд.

Бунёди амрикоии "Мерос" ва рӯзномаи Уолл Стрит Ҷорнел иқтисодиёти давлатҳои ҷаҳонро аз рӯйи 50 нишондиҳандаи гуногун дар соҳаҳои бонку молия, сиёсати пулӣ, дахолати ҳукумат ба фаъолиятҳои иқтисодӣ, даромаду музди кор, нарху наво ва андоз баррасӣ карда, раддабандии сатҳи озодии иқтисодиро дар байни онҳо нашр намуданд.

Дар ин ҷадвал боз ҳам мисли даҳ соли гузашта Ҳонг Конг соҳиби озодтарин иқтисодиёт дар ҷаҳон унвон гирифт. Ду кишвари дигари осиёӣ - Сингопур ва Зеландияи Нав ҷойҳои дуюму сеюмро ишғол намуданд. Аммо аз 16 кишвари доройи иқтисодиёти озод даҳтояш кишварҳои аврупоӣ мебошанд. Ва Иёлоти Муттаҳида, Канада ва Чили аз қитъаи Амрико дар он намояндагӣ мекунанд.

Ба ақидаи муаллифони гузориш, дар даҳ соли охир аксаран кишварҳои хурд тавонистанд, ба иқтисодиёти бозу озодтаре даст ёбанд, ислоҳот дар онҳо зудтар пеш рафт ва сатҳи зиндагии мардум баландтар шуд. Албатта, танҳо хурд будани кишвар сабаб нашудааст, балки омодагии он ба ислоҳот, суннатҳои иқтисодӣ, ҳукуматҳои кордон ва покдаст, мардуми меҳнаткаш ва кӯмаки беруна омилҳои ҳалкунанда будаанд. Чунончи, Эстонияро як намуна овардаанд, ки аз байни давлатҳои шӯравии собиқ аввалин шуда ба қатори кишварҳои дорои озодтарин иқтисодиёт ворид гардид.

Дар гузориши Бунёди амрикоии Мерос ва рӯзномаи Уолл Стрит Ҷорнел 54 кишвари дигар "ғолибан-озод" номида шуданд, ки аз кишварҳои шӯравии пешин Латвия, Литва ва Арманистон ба ин гурӯҳ роҳ ёфтанд. Бақияи давлатҳо ва дар байни онҳо, Русияву Украина, Қазоқистону Қирғизистон ба гурӯҳи кишварҳои "ғолибан-нооозод" ва ниҳоят 12 давлат, ба ҷумлаи Тоҷикистон, Беларус, Ӯзбакистон ва Туркманистон дар гурӯҳи кишварҳои иқтисодиёташон таҳти зарба ва ё саркӯбӣ номбар шуданд.

Дар айни замон дар гурӯҳи кишварҳои иқтисодиёташон саркӯбшуда Тоҷикистон аз Туркманистон се ва аз Ӯзбакистон ду зина болотар қарор дорад, яъне як андоза беҳтар аст ва Беларус аз Тоҷикистон як зина пеш ҷойгир гаштааст.

Вазъи кишварҳое ки солҳои охир назорати худро ба иқтисодиёт шиддат доданд, рӯ ба бадист. Аргентина, Венесуэла, Индонезия намунаи ин қабил давлатҳост, ки ба зинаҳои пойинтар лағжиданд ва пойинафтии онҳо идома дорад.

Аммо тамоюли куллӣ дар ҷаҳон ба сӯйи озодиҳои бештари иқтисодӣ барои шаҳрвандон, коҳиш додани андоз ва фишор ба соҳибкорон, ҷадал ба решакан кардани ришвату фасод ва ба ҳадди камтарин пойин овардани дахолати давлат ба иқтисодиёт омили беҳбуди вазъ дар 75 кишвар гардидааст.

Ҳуго Ристал, муҳаррири саҳифаи тафсирӣ дар Уолл Стрит Ҷорнел Эйжа, мегӯяд, як пайванде миёни озодиҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ ба мушоҳида расидааст. Чунончи, ҳарчанд Ҳонг Конг аз ҷиҳати озодии иқтисодӣ дар ҷойи аввал аст, камбуди озодиҳои сиёсӣ дар Чин, ки акнун Ҳонг Конг бахши он аст, тадриҷан ба вазъи куллӣ таъсири манфӣ мерасонанд.

Мақомоти чиноӣ аз пирӯзии нави Ҳонг Конг истиқбол карданд ва гуфтанд, на танҳо озодиҳои иқтисодии мардуми онро ҳифз хоҳанд кард, балки ислоҳотхоҳони ҳонгконгиро ба мушовирони давлати Чин табдил хоҳанд дод.

XS
SM
MD
LG