Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ДАР МАРЗ ЗАДУХУРД БА ВУҚУЪ ПАЙВАСТ



Холидаи Қодир



Хабаргузориҳо аз қавли мақомоти нируҳои марзбони рус дар Тоҷикистон иттилоъ доданд, шаби чаҳоршанбе, 7 январ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон се қочоқбари маводи мухаддир дар задухурд бо сарҳадбонони рус кушта шуданд.

Дар ҷои ҳодиса се халтаи ҳероин ва марихуана пайдо шуд. Дар ин амалиёт панҷ қочоқбари афғон боздошт шуданд. Нируҳои шуъбаи мубориза зидди маводи мухаддири вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ дар ин амалиёт ширкат доштанд.

XS
SM
MD
LG